Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аст, дар нома аст, ба Хуршедшоҳ расоид». — Нома ба Хуршедшоҳ дод.

Шоҳ нома ба Ҳомони вазир дод. Ҳомони вазир нома боз карду бихонд. Набишта буд:
«...Эй бузургвор шоҳ, амонатӣ ки айёри ҷаҳон Самак дар шаҳр супурда буд, ба хизмат расонидем.
Агар Самак он ҷо бошад, аз ман салом бирасон.
Беш аз ин гуфтани нест. Вассалом».
Хуршедшоҳ кас фиристод ва Самакро бихонд. Бо Шаголу дигарон бичӯмаданд. Алмаз бо ишон бигуфт ва нома ба ишон дод. Пас гуфт:
— Эй Самак, амонат биёвар, то бингарам, ки худ чист.

Сандуқҳо биёварданд. Аввал сандуқ бикушоданд.
Сурхи Кофар баромад. Ишон хуррам шуданд. Пас ҳар се паҳлавони дигарро бадар оварданд. Пас Моҳсутуну Моҳона ва Дурдонаро беҳуш бароварданд.
Самак дар он кор аҷаб монда буд. Пас гуфт:
— Эй озодмардон, шуморо куҷо бурданд ва чӣ гуна бурданд?

Сурхи Кофар гуфт:
Надонам кӣ буд. Аммо донам, ки моро дар сарои Гулбаҳор бидошта буданд.
Пас он гаҳ он чӣ рафта буд, шарҳ дод.
Ҳамгинон аз кори Рӯзафзун аҷаб доштанд, офарин карданд.

Хуршедшоҳ бифармуд, то зану духтари шоҳро банд барҳоданд ва муваккалон бигумоштанд.
Шоҳ бо дигарон ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Ҳамаи кирдору гуфтори ишон аз Самаку Рӯзафзун буд.
Ҳо Самак бархост ва хизмат кард. Гуфт:
— Эй шоҳ, маро дил дар банди он озодмард аст, ки чунин корҳо кардааст. Ба шаҳр хоҳам рафтан, то ӯро боздаст оварам ва камари хизмати вай бар миёни чоп баста дорам. — Ин бигуфт ва рӯй ба шаҳр ниҳод.

Овоза дар лашкаргоҳ афтод, ки паҳлавонон, ки маҳбус буданд, наҷот ёфтанд ва зану духтари шоҳу хазинадори ӯро овардаанд. Чосус аз он кор хабар ёфт. Пеши Арманшоҳ омад, аҳвол бигуфт, Арманшоҳ барошуфт ва рӯй ба Шаҳрони вазир карду гуфт:
— Пиндофтем ишон дар ҷое пинҳонанд. Чӣ гуна будааст?
Киличалик истода буд гуфт:

пешина
аз 283
навбатӣ