Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй падари бузургвор, кори занон аҷаб асту он бандиён аҷабтар, ки ба дасти исфаҳсолори шаҳр аст.
Магар ишон мурдаанд, ки кас биёяду коре чунин кунад?
Азим шаҳрест, ки марде танҳо дар шаҳре корҳое чунин кунад ва ҳеҷ офарида монеи ӯ набошад. Исфаҳсолоронро молиш фармой.
Шаҳрони вазир гуфт:
— Ишонро бибояд хонд, то боздонем, ки чӣ гуна будааст.

Даванду Кубод ва Сайлам истода буданд, гуфтанд:
— Эй шоҳ, чораи ин кор беҳтар аз ин бояд: Имшаб лашкари ишон ғофиланд, аз баҳри он ки шоҳ Фағфур омадааст ва ба вай машғуланд. Шабехун бояд бурдан.
Бошад ки коре барояд.

Шоҳ гуфт:
— Чунин бояд кардан.
Дарсоат бист ҳазор савор номзад карданд пинҳон, чунон ки дигарон огоҳ нашуданд. Чун вақти кор омад, сипоҳ рӯй ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ ниҳоданд. Талояи лашкар Фаррухрӯз буд. Аз вай даргузаштанд, чунон ки надонистанд. Перомуни лашкар баромаданд. Табли ҳарб фурӯ кӯфтанд. Даст ба тиру нафт дар лашкаргоҳ карданду лашкар ғофил. Аз ногоҳ ғалабаву ошӯб баромад.
Сипоҳ гурӯҳе маст буданд ва гурӯҳе ба шароб хӯрдан машғул буданд ва гурӯҳе хуфта буданд, ҳар кӣ метавонист, аз хайма берун меомад ва рӯй ба масофгоҳ мениҳод.

Сипоҳ дар ҳам афтоданд, ки аз ногоҳ боде бархост, чунон ки хаймаҳову ҳиргоҳҳо аз пой меафканд. Хурӯшу ҷазаъ дар лашкаргоҳ афтод. Шоҳи Фағфуру Хуршедшоҳ бар даргоҳ омаданд ва овоз медоданд, ки «ҳеҷ кас наҷӯем, ки аз хайма берун ояд. Дар хаймаҳо мебошед бо теғҳои кашида». Лашкар дар ҳам афтоданд ва дору гир мекарданд, дӯст аз душман нопадид, то ба ғояте, ки боди сахт шуд, ки ҳама лашкаргоҳ ба ҳам баромад.

Аз қазои осмон Маҳпари бо Доло Салоҳ дар хайма буданд. Битарсиданд, ки чӣ будааст. Аз хайма берун омаданд ва савор гаштанд ва дар гӯшае биистоданд.
То рӯз равшан шуд, ки ҳар ду лашкар аз ҳам боҷаштанд. Фағфури Чину Хуршедшоҳ ба боргоҳ омаданд ва аз он кор ғамнок шуданд, мегуфтанд: «Макре азим буд, ки бо мо карданд. Надонем, ки чӣ гуна будааст».

пешина
аз 283
навбатӣ