Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
дам. Чун ба ту пайвастам, гуфтам маро нигоҳ дорӣ ва вафодор бошӣ. Чун нигоҳ кардам, дар мардон вафо нест, хосса ки подшоҳ. Ҳар киро мебинад, медорад. Чун ғоиб шавад, ҳаргиз аз вай ёд наёварад.
Чун бидидам шоҳ дар вафо суст омад. Куҷо рафт он ҳама меҳрубониву ҷон фидо кардани бародарат Фаррухрӯз, он ҳама ранҷ кашидану ғусса хӯрдан, то маро ба даст овардӣ? Эй шоҳ, агар ту дил бар дигарон ниҳодӣ ва моро фаромӯш кардӣ, Самакро бигӯӣ, ки талабкори ман бошад. Охир на маро ба хоҳарӣ қабул кардааст ва хонда буд? Ҷавонмардӣ он нест, ки душманеро бикушанд. Дар чунин кор ҷавонмардӣ падид ояд, ки хоҳари худро аз дасти душман бираҳонӣ, ки сахт дармондаам.
Охир на аз ту ёд овардам? Агар туро аз ман ёд намеояд, аз фарзанди худ ёд овар. Аммо ба як чиз дили худ шод мекунам, ки маро чӣ гуна овардӣ ва чӣ гуна раҳо кардӣ.
Акнун, эй шоҳ, аҳволи ман чунон буд, ки чун боди сахт бархост ва ошӯб дар лашкаргоҳ афтод ва шоҳ пеши ман набуд, ман битарсидам ва бо лоло Салоҳ берун омадам ва савор гаштему дар миёни он ҳама ошӯб саворе даромад ва гуфт: «Биё, то аз миёни ин ҳама лашкар ва ғалаба берун равем».
Ва аз овози ӯ ман чунон донистам, ки бародарам Самак аст. Бо вай бирафтам. Маро ба шаҳр бурд.
Акнун агар маро талабкор хоҳад буд, аз Айдони ҷавҳарӣ талаб кунад, ки мақому ҷойгоҳи ман донад».
Чун нома бархонд, гуфт:
— Эй Самак, ин ҳама ғусса дар нома ёд кардааст.
Акнун туро мехонад, ки ҷуз ту ғамхори вай набошад.
Самак гуфт:
— Эй шоҳ, дил фориғ дор. Чун падид омад, ҳар ҷо ки ҳаст, ӯро боздаст оварам.
Ин бигуфт ва он ҷавонро хилъати неку дод. Самак бархост ва ба ҷон худ омад ва аҳвол бо Рӯзафзун бигуфт. Гуфт:
— Эй паҳлавони Рӯзафзун, бархез, то ба шаҳр равем ва талаби Маҳпарӣ кунем, бошад ки ӯро боздаст оварам.
Ин бигуфтанд ва ҳар ду рӯй ба шаҳр ниҳоданд ва ба
сарои Гулбаҳор омаданд ва мебуданд то рӯз равшан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё