Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Айдон гуфт:
— Маро ҷон аз шоҳ дареғ нест. Бидон ва огоҳ бош, агар дили ман бо шумо набудӣ, ин нома нафиристодаме. Ва дигар, ин роз ошкоро шавад, сари ман барбод ояд.
Самак гуфт:
— Эй Айдон, ба яздони додори кирдигор, ки то сари ман бар ҷоӣ бошад, раҳо накунам, ки як тори мӯй аз сари ту кам шавад.
Гуфт:
— Эй паҳлавон, дар он ҳафта бар дуккон нишаста будам, ки ходиме пеши ман омад ва гуфт: «Эй ҷавҳарӣ, ҷавҳар чанд баргир ва биёвар». Баргирифтам ва бо вай ҳамроҳ будам. Маро ба сарои Фалакьёр бурд ва дар суффа бинишонд ва ман ҷавҳар арза кардам. Ва дар баробари ман панҷарае буд ва бозток афтод ва яке ишорате ба ман кард, ки аз бими Фалакьёр нигоҳ наметавонистам кардан. Чун фориғ шудам, ба дуккон омадам. Соате буд, канизаке биёмад ва гуфт: «Эй хоҷа Айдон, амонате ба ту хоҳам дод. Зинҳор то ин роз нигоҳ дорӣ». Ва ин нома ба ман дод ва гуфт: «Ба Хуршедшоҳ бирасон». Биситадам ва аз хизматгорон ва бародарони худ яке ба даст овардам ва ба савганд устувор кардам ва сад динор ба вай додам ва нома ба шоҳ фиристодам ва аҳвол ин буд. Беш аз ин надонам.
Самак чун бишунид, гуфт:
— Эй Айдон, Фалакьёр чӣ касест?
Гуфт:
— Волии шаҳр аст. Ду ҳазор ғулом аз худ дорад. Ҳар рӯз ба лашкаргоҳ равад, пеши шоҳ. Имрӯз берун нарафт.
Самак чун аҳвол аз вай бишунид, бар вай офарин кард ва гуфт:
— Агар яздон хоҳад, узри ту хоста шавад.
Айдон офарин кард ва берун шуд. Самак бо Рӯзафзун гуфт:
— Роҳ ба сарои Фалакьёр донӣ?
Гуфт:
— Донам, аммо сарои вай аз садди Сикандар сахттар аст, чунон ки ба ҳеҷ гуна аз ҳеҷ роҳ бад-он сарой натавон рафт.
1 Яъне: кушода шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё