Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Чунин маслиҳат аст.
Самак дарҳол давоту қоғаз ва қалам хост ва чунон ки боист, нома навишт. Рӯй ба Рӯзафзун кард ва гуфт:
— Моро яке бояд, ки ин нома ба лашкаргоҳ барад ва ба Хомони вазир диҳад.
Чунон нома бифиристоданд, Гулбаҳор ба сарой боз-омад. Самак гуфт:
— Эй Рӯзафзун, вақти кор омад, ман берун хоҳам рафтан. Ту низ бо ман бош, ки вақти кор омад. Мо худ-ро ба сарои Фалакьёр афканем. Бошад, ки коре барояд.
Рӯзафзун гуфт:
— Фармонбардорам.
Самак бархост ва ҷомаи халақ ¹ дарпӯшид. Ҳар яке табақ бар даст гирифтанд ва сарпӯше бар сар ба расми ҳаммолон дар бозор мегаштанд, ки ногоҳ хизматгорони Фалакьёр ба бозор буданд ва ҳар чизе мехариданд аз шакару набот ва меваю нону бирьён мехариданд ²... Ва яке бар сари Рӯзафзун ниҳод ва яке худ баргирифт ва хештан дар миёни эшон афканд ва бо ҳаммолон ҳам-роҳ шуданд, то ба дари сарои Фалакьёр омаданд. Чун ба миёни сарой расиданд, ҳар чӣ олоти шаробхона буд, ба шаробхона бурданд ва ҳар чӣ аз они матбах буд, ба матбах бурданд.
Самак нигоҳ кард ва он панҷара дид, ки Айдон эшонро нишон дода буд. Бинигарид ва нишон кард ва ишорат ба Рӯзафзун кард, ки биравад. Ҳар ду берун рафтанд, то ба сарои Гулбаҳор омаданд. Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавон, ин чӣ кор буд, ки ту кардӣ? Рафте-му эшонро дидем на берун омадем?
Самак бихандид ва гуфт:
— Эй хоҳар, бинигар, ки чӣ хоҳам кардан.
Дарҳол Самак худро ба шакли фаррошон баровард ва ҷомаи ҳарир хост ва нимҷаи болон он дар бар кард ва кулоҳ бар сар ниходу сарпой дар пой кард ва бар гунаи фаррошон худро баророст ва офтоба ба даст ги-рифту гуфт:
— Эй Рӯзафзун, ман рафтам. Бояд ки ними шаб бо ҳаман соз зери боми Фалакьёр бошӣ, ки Маҳпариро ба даст оварам, агар яздон хоҳад.
1 Ҳалақ — кӯҳна; ² Ин ҷо нотамом будани сухан дар чэпи Эрон ишорат шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё