Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Аз ин маънӣ бисёр бигуфтанд. Лоло гуфт:
— Эй паҳлавон, ӯ ройгон ба дасти ту афтодааст ва ту қадри ӯ намедонӣ. Охир медонӣ, ки ӯ шоҳзодааст ва ҳама рӯз ба маю бозӣ тааллул кардӣ. Ӯро мутрибе буд, номи ӯ Рӯҳафзой, ҳама рӯз бо ӯ муошарат кардӣ ва бо канизакон хилват сохтӣ ва дар сарою боғ гаштӣ ва тамошо кардӣ. Акнун ту ӯро дар банду зиндон бидоштан дилтангу ғамнок. Боистӣ, ки ӯро муроот кардӣ ва дилхушӣ додӣ. Панҷара бикшой, то соате тамошои боргоҳ кунад ва дар шумо нигарад ва самоъ шунавад. Бошод ки дили вай кушода шавад ва дил аз Хуршедшоҳ баргирад. Ночор чун ӯро набинад, ту ба мурод расӣ. Ва агар бо вай чунин бошӣ, ҳаргиз шод нагардӣ.
Фалакьёр чун сухани лоло шунид, гуфт:
— Эй лоло, ӯро пинҳон аз халқ овардаам. Чун берун аз панҷара нишинанд, ӯро бибинанд ва кори ман ба зиён ояд.
Лоло гуфт:
— На ҳама рӯз бошад. Агар соате хоҳад, ман ӯро ба микнаа1 рӯй пӯшида дорам. Ризо кун, ки тамошо кунад ва бозпас ояд, чунон ки ӯро нафас кушода шавад.
Гуфт:
— Чунин кун.
Бифармуд, то дар боз карданд. Бо лоло гуфт:
— Ӯро муроот кун, то ман ба маҷлис равам, ки зишт бошад, ки Тайроқ ба хонаи ман аст.
Ба боргоҳ омад.
Маҳпарӣ гуфт:
— Эй лоло, ин чӣ сухан аст, ки ту гуфтӣ ва он мардро бар коре доштӣ, то дил бар он бандад ва умед медорад ва айш бар ман ҳаром кунад ва нохуш дорад?
Лоло гуфт:
— Эй малика, ӯро ба ҳилат мебояд доштан, то қасди ту накунад, то моро фараҷе2 падид ояд ва номаеро, ки фиристодаам, ҷавобе бозояд, ки моро дар дасти ин мард нахоҳанд гузошт. Ӯро ба сухан медорем.
Самак дида буд, ки панҷара кушода буданд. Назар кард, то Фалакьёр биёмад ва бинишаст. Самак чашм дар панҷара гумошта буд.
Лоло бо худ гуфт: «Ин ҷавон кист, ки инчунин густох чашм дар панҷара гумошта? Менигарад ва андеша
1 Микнаа — ҷодари тунук. 2 Фараҷ — осудагӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё