Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ходиме буд, кӯчак, номи вай Мисқол. Хуршедшоҳро дӯст доштӣ. Чун бидорист, ки аҳволи Маҳпарист, биёмад ва бо Хуршедшоҳ бигуфт. Хуршедшоҳ кас фиристод ва Ҳомони вазирро бихонд ва маълум кард ва он чӣ гуфта буд, ки «... ба қалъаи Дувоздаҳдара хоҳам рафт, то бандиёнро халос диҳам, пас кори Маҳпарӣ бисозам, ки дар сарои Фалақьёр аст». Дуде ба сари вай баромад ва ҳафт аъзош ба ларза афтод. Гуфт:
— Эй Ҳомон, дидӣ, ки Самак чӣ корҳои нек ба ҷони ман кард ва баоқибат ба зиён овард? Қавмеро бар ман ихтиёр кард ва Маҳпариро ба дасти душман раҳо кард. Ба оқибат зани ман, ки ба чӣ ғуссаҳо ба даст оварда будам, бигузошт дар чунон ҷое!
Ҳомон гуфт:
— Эй шоҳзода, магар маслаҳат чунон дид. Дар чунин корҳо Самак беҳтар донад ва дил фориғ дор, ки Самак бо мурод ба хизмати ту ояд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй падар, ту дили ман намедонӣ ва бо ту мегӯям, ки ту маро ба ҷони падарӣ: Маро ду-се ғусса гирифтааст ва азимтар он аст, ки Маҳпарӣ обистан аст. Ман ба талаби вай хоҳам рафт, ки на дар ҷаҳон мард Самак аст.»
Ҳомон гуфт:
— Эй шоҳ, зинҳор, ки марди ҳар кор падид бувад ва ин кор, ки ту мегӯй, мардумони маҷҳул кунанд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй падар, нодошту маҷҳул на набинанд па на ишон чизе донанд, ки мо надонем. Ҳамчун моанд.
Ҳомони вазир гуфт:
— Маслаҳат нест, ки агар хатое афтад, ба сад ҳазор чун мо ҷавоби он натавонем додан.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Ман биравам ва агар чунон аст, ки маро нагузорӣ, худро ҳалок кунам. Ба шаҳр хоҳам рафтан ба сарои Фалақьёр, ки Маҳпариро ба даст оварам.
Ҳомони вазир фурӯ монд. Гуфт: «Агар бигузорам, тарсам, ки ранҷе расад ва агар нагузорам, худро ҳалок кунад. Ҳаваси Маҳпарӣ ӯро бад-ин медорад».— Саранҷом маслаҳат он дид, ки ӯро раҳо кунад. Гуфт:
— Эй шоҳзода, туро бознаметанонам дошт. Он чӣ маслаҳат аст, мекун.
¹ Марди маҷҳул - марди номашҳур, оддӣ, қаторӣ ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё