Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хуршедшоҳ бархост ва савор гашт силеҳ пӯшида ва рӯй сӯи шаҳр ниҳод, то ба наздики шаҳр омад. Марғзоре буд хуррам ва дарахти бисёру. Хуршедшоҳ пиёда гашт ва аспро шикел барниҳод ва худ биёмаду рӯй ба шаҳр ниҳод. Аз қазо пиёдагоне чанд ба шаҳр мерафтанд. Ӯ низ даршуд. Чун ба миёни шаҳр расид, шаб даромада буд ва ҷаҳон торик шуда. Хуршедшоҳ оҷиз фурӯ монд. Ба шаҳр сӯе бармегашт, ки ногоҳ сар аз кӯчае баровард. Овози самоъ шунид, ки аз сарой меомад.
Гӯш кард, ҳар яке сухане мегуфтанд. Яке гуфт:
— Ин шодии паҳлавони ҷаҳон Самаки айёр мехӯрам.
Хуршедшоҳ гуфт:
«Ин қавм ва дӯстони Самаканд. Пеш равам, бошад, ки рӯшноие падид ояд». — Ин бигуфт ва наздик омад ва дар бикушоду дар сарой шуд, салом кард. Ҳама бархостанд ва ӯро такарруб карданд 1 ва бинавохтанд.
Дарҳол тоом оварданд. Бихӯрданд ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй паҳлавонон, маро чандон ғусса дар дил аст, ки парвои шароб надорам.
Ишон гуфтанд:
— Туро чӣ расидааст? Бигӯй, бошад ки мо чора тавонем кардан.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй ҷавонон, шумо Самакро чун шиносед?
Гуфтанд:
— Мо ҳама шодихӯрдагони ӯем. Мо чанд қавм будем. Чанд қавм ба лашкаргоҳ рафтанд ва чанде ба дасти Фалакёр ба қатл омаданд ва гурӯҳе дигар мондаем, пинҳон мебошем, то роҳ биёбему ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ равем.
Чун ин бишунид, гуфт:
— Эй озодмардон, Самак бародари ман аст ва ман Хуршедшоҳам.
Чун ишон бишуниданд, ҳама дар пояш афтоданд.
Гуфтанд:
— Эй шоҳ, надонистем ва нашинохтем. Моро узр неҳ ва аз рӯи карам бар мо магир.
Шоҳ гуфт:

1 Яъне: хуш пазируфтанд.

пешина
аз 283
навбатӣ