Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
-- Эй мардон, шумо ҳама бародарони манед. Чӣ ҷон узр хостан аст?
Ишон гуфтанд:
- Эй шоҳ, ба чӣ ранҷа шудаӣ? Туро чӣ будааст, ки дар миёни чунин душман омадаӣ?
Хуршедшоҳ гуфт:
- Аз баҳри Маҳпарӣ омадаам ва ному нанги ӯ дар гардани ман аст, ки некномӣ мардон аз ҷиҳати занон аст. Акнун ба талаби вай омадаам, ки ӯро овардаанд. Ва пишон овардаанд, ки дар сарои Фалакёр аст. Ва Самак омада буд, ки вайро биёварад. Ӯро коре дигар афтод. Пайғом фиристод, ки «ман ба Дувоздаҳдара меравам ба талаби Сурхварду Ниёли Санҷонӣ ва Оташаку ду бародарони қассоб. Аз қалъа биёварам, ки Арманшоҳ Тайрокро фиристодааст, ки биёварад ва сиёсат кунад». Чун Самак дар он кор рафт, ман бад-он омадам, ки биравам ва Маҳпариро аз сарои Фалакёр биёварам. Кист аз шумо, ки бо ман биёяд ва сарои Фалакёр ба ман намояд?
Ҷавоне дар миёни ишон буд чолок, номи вай Саъд. Бархост ва хизмат карду гуфт:
- Эй шоҳ, банда биёяд ва шоҳро хизмат кунад.
Шоҳ бархост, бо Саъди айёр аз сарой берун омад. Хуршедшоҳ бирасид бар сари кӯчае равшанӣ пеш омад. Пеш омад. Аз кӯча бигузаштанд. Ба роҳи бероҳа мерафтанд, то ба наздики хонаи Фалакёр расиданд.
Саъд гуфт:
- Эй шоҳ, ин аст сарои Фалакёр, ки ин ҳама ғалаба истодаанд ва машъале афрӯхтаанд.
Ва болои бом даррочадор 1 овоз медод. Хуршедшоҳ гуфт:
- Эй озодмард, бозгард.
Саъд бозгашт, порас роҳ биёмад. Кӯчае буд, дар он кӯча рафт. Аз қазо Рӯзафзун пеши пай бозомад па ба сарои Фалакёр меомад, ва бонг бар вай зад, ки:
- Ту кистӣ ва аз куҷо меон?!
Ӯро бигирифт ва чанд мушт бар вай зад. Саъд гуфт:
- Эй озодмард, маро мушт мазан, ки пек набошад. Ту номи худ бигӯ, то ман номи худ бигӯям.
Рӯзафзун гуфт:
- Маро намешиносӣ? Манам духтари Қопун -- Рӯз-
1 Дарроча — ду бурҷе (маноре), ки дар ду паҳлуи дарпо-зан қалъа, каср ва ғайра созанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё