Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзафзун, хоҳархондаи шоҳи ҷаҳон — Хуршедшоҳ ва хоҳари Самаки айёр.
Саъд чун номи ишон шунид, гуфт:
— Эй озодмард, ман бандаи ишонам.
Пас забон баркушод ва ҳамаи аҳвол бигуфт. Гуфт:
— Шоҳ дар сари кӯча истодааст.
Рӯзафзун гуфт:
— Номи ту чист?
Гуфт:
— Саъди айёр.
Гуфт:
— Бозгард, ки маро бародарӣ.
Ҳар ду бозгаштанд, то бар сари кӯча расиданд.
Шоҳро диданд, истода ва қавоми сарои Фалакьёр мегирифт. Чун овози пои ишон ба гӯши вай омад, пеши ишон бозомаду теғ баркашид ва бонг бар ишон зад, ки:
— Шумо кистед?
Теғ баровард, то зарбате занад. Рӯзафзун гуфт:
— Эй шоҳ, мо бандагони туем. Манам Рӯзафзун ва Саъди айёр.
Хуршедшоҳ даромад, ба ҳукми бародарӣ ӯро дар канор гирифт. Рӯзафзун гуфт:
— Эй шоҳ, ба чӣ ба шаҳр омадӣ? Ин чӣ далерист?
Хуршедшоҳ гуфт:
— Аз баҳри он, нома, ки Самак ба Ҳомон навишта буд пинҳон аз ман. Нома ба ман расид ва хондам, саросема гаштам аз баҳри Маҳпарӣ, ки шумо ба Дувоздаҳдара равед, Маҳпариро раҳо натавонам карданд. Ман омадам, ки Маҳпариро берун оварам.
Рӯзафзун гуфт:
— Эй шоҳ, хато кардӣ. Ту чӣ тавонӣ кардан бо Маҳпарӣ. Аммо ба иқболи шоҳ рост баромад.
Пас аҳволи рафта бо шоҳ бигуфт, ки Самак чӣ гуфт ва чӣ месозад ва дар сарои Фалакьёр аст.
— Ва ман берун омадаам, то Маҳпариро берун барам.
Пас ҳарсе дар сари кӯча истода буданд.

Бозомадем ба ҳикояти Самаки айёр. Чунин гӯяд муаллифи ахбор, ки чун Самак дар сарои Фалакьёр буд, пеши маҷлисиён истода ва панҷара нигоҳ медошт ва медонист, ки Маҳпарӣ ӯро мебинад ва Фалакьёр бо Тай-,

пешина
аз 283
навбатӣ