Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

року дигарон машғул, то шаб даргузашт. Самак гуфт: «Чӣ чора бояд сохтан, то кор аз даст наравад, ки дер маст мешаванд?» Ба чораву ҳилат худро пеши соқӣ афканд ва нигоҳ мекард, то соқӣ шароб дар қадаҳ кард. Биистод ва беҳушона дар шароби хос афканд. Соқӣ шароб ба Фалакьёр дод ва бозхӯрд, бияфтод.

Тайрок чун бидид, марди гурбуз 1 буд, гуфт: «Магар чизе дар шароб кардаанд ва агар не, чаро чунин беҳуш шуд?» Соқиро пеши худ хонд. Гуфт:
— Магар чизе дар шароб афкандай?
Соқӣ гуфт:
— Чизе дар шароб метавон андохт? Надонам, ки ту ин сухан аз баҳри чӣ мегӯӣ.

Тайрок гуфт:
— Раво бошад. Ту як қадаҳ бозхӯр.
Соқии бечора намедонист, як қадаҳ бозхӯрд, дарҳол бияфтод. Тайрок гуфт:
— Ин ҳаромзода бо худовандгори худ қадр кард.
Бифармуд, то ӯро гардан бизаданд ва бархосту рӯй ба роҳ ниҳод, то биравад.

Самак истода буд ва он кор медид ва ба тааҷҷуб менигарист аз зиракии вай.
Тайрок бифармуд, то панҷ ғулом бар Фалакьёр муваккал буданд. Чун Тайрок бар дари сарой расид, рикобдор ҳанӯз асб наёварда буд. Касеро бифармуд, то пеши рикобдор бозшавад ва бигӯяд, то асб биёварад. Он кас биёмад, гуфт:
— Асби Тайрок бибар, ки бар дари сарой истодааст.

Ҳоҷиб рикобдорро бифиристод ва худ ба сарой рафт. Хуршедшоҳ ва Рӯзафзун аз он кор хабар медоштанд. Рикобдор аспи Тайрок меовард. Рӯзафзун мунтазир, то рикобдор бирасад, ки Рӯзафзун ӯро корде зад по бияфканд. Сабук ҷомаи вай дарпӯшид ва ғошия 2 бар миён баст. Пой ба асб даровард ва зуд дар пеши Тайрок омад. Тайрок пой ба асб даровард, Рӯзафзун дар пеши истода. Чун бар сари кӯчае расиданд, ишорат ба Хуршедшоҳ кард, ки инони асби вай бигирад. Он чаҳор мард аз пеши Тайрок мерафтанд. Рӯзафзун бар паси асби Тайрок нишаст, ки аз мастӣ меафтод ва ӯро дар бар гирифт ва ба таъҷил дар кӯчае ронд. Рӯз-

1 Гурбуз — маккор, 2 Ғошия — зинпӯш.

пешина
аз 283
навбатӣ