Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
афзун донист, ки кӯча бунбаста аст. Пас ба Хуршедшоҳ гуфт:
— Бозгард бо Саъд ва сари кӯча нигоҳ дор. Чаҳд кунед, ки аз он чаҳор яке берун наравад.
Ин бигуфт ва Рӯзафзун ба поёни кӯча расид ва роҳ набуд. Тайрокро аз асб ба зер афканд. Рӯзафзун корд баркашид ва рӯи бар он ҳар чаҳор ниҳод. Яке бикушт ва сеи дигар аз пеши вай бидавиданд. Хуршедшоҳ бо Саъд истода буданд, он сеи дигарро бикуштанд. Рӯзаф-зун Тайрокро сар бибурид. Ҳама бар сари кӯча омаданд ва гӯш медоштанд аз баҳри Самак.
Он гоҳ Самак дар сарои Фалакёр чун дид, ки Тайрок соқиро бикушту бирафт ва панҷ ғулом мувақкал кард, бо худ гуфт: «Ин ҳаромзода гурбуз аст. Маро бо ғуломон ҳилате бояд кардан». Гуфт:
— Эй озодмардон, исфаҳсолор маст аст, мо низ шароб хӯрем.
Ишонро ҳавас даркашид, гуфтанд:
— Нек омад.
Ба шароб хӯрдан бинишастанд.
Самак як суроҳӣ аз он шароб пур кард ва бар дари ҳуҷраи занон оварду дар бизад. Гуфт:
— Ин исфаҳсолор фиристодааст.
Канизак биёмад ва биситод ва ба боло бурд. Канизакон чун номи шароби хос шуниданд, ҳар яке қадаҳе бозхӯрданд ва бияфтоданд.
Аз он ҷониб Самаки айёр бозгашт ва сари Фалакёр бибуриду дар шикам ниҳод. Чун Самак ин корҳо мекард, Маҳпариву лоло Салоҳ аз панҷара медиданд. Чун фориғ шуд Самак, рӯй ба ҳуҷра ниҳод. Лоло биёмад ва дар боз кард. Самак пеши Маҳпарӣ омаду банд аз ӯ бардошт. Пас Самак гуфт:
— Моро аз роҳи бом бояд рафтан.
Ба ҷойгоҳе холӣ омад ва лоло Салоҳро фурӯ гузошт. Лоло ба зер омад. Рӯзафзун истода буд, хуррам шуд. Хуршедшоҳ бо Саъд ҳамчунин диданд. Самак Маҳпариро ба зер фурӯ гузошт. Аз баҳри он ки обистан буд, ӯро бар дӯш гирифт ва ба оҳистагӣ ба зер меовард. Чун бӯи Хуршедшоҳ ба машоми ӯ расид, ҳамаи ранҷ аз вай зойил шуд.
Самак нигоҳ кард, шоҳро дид. Гуфт:
— Эй шоҳ, ин чӣ роҳ аст?
Гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё