Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй паҳлавон, вақти гуфтор нест.
Пас Маҳпари нигоҳ кард, шоҳро дид, беҳуш шуд.
Гуфт:
— Чӣ вақти ин кор аст?
Ӯро баргирифтанд ва аз он ҷо ба болои ҳисор баромаданд ва Маҳпариро ба зер фурӯ гузоштанд. Хуршед-шоҳ Маҳпариро баргирифт ва рӯй ба роҳ ниҳод. Ҳанӯз лашкари Занг аз лашкари Рум ҳазимат наёфта буд. Субҳи содиқ аз раҳими модар рухсор нанамуда буд. Хуршедшоҳ бо Маҳпари ба ҷониби лашкаргоҳ расиданд.
Аз он ҷониб Самаки айёр бо Рӯзафзуну Саъди айёр ба болини Тайрок омаданд ва ангуштарӣ аз ангушти ӯ берун карданд. Ва Саъд номаро биҷуст. Чунун номаро биёфтанд, ҳам дар шаб оҳанги роҳ карданд ва ба Дувоздаҳдара омаданд пеши Ғотуш, ки гумоштан қалъаи Дувоздаҳдара буд ва ӯро бар сари Дувоздаҳдара боздошта буданд. Ангуштари шоҳ ва нома пеши Ғотуш арз карданд. Чунун Ғотуш номаи шоҳ дид бо ангуштарӣ, гуфт:
— Чӣ ҳоҷат доред?
Гуфтанд:
— Меравем, ки бандиёнро аз қалъа ба зер оварем ва дар маърази лашкаргоҳ ишонро сиёсат кунем.
Ғотуш дастурӣ дод. Самак бо Рӯзафзуну Саъд оҳанги қалъа карданд. Чунун наздики ҳисор расиданд, ҳисоре диданд баланд, чунон ки чашми бинанда дар он мутаҳаййир шудӣ ва фаҳм ба идрок аз чигунагии ӯ саргардон шудӣ...
Самак бо дигарон менигаристанд ба тааҷҷуб, ки дидабон аз болои қалъа истода буд, бирафт ва бо кутвол бозгуфт. Газбон биёмад ва ангуштариву нома боло кашид. Самаки айёр Газбопро дид, хизмат кард ва офарин хонд. Пас номаву ангуштарӣ бидид. Гуфт:
— Эй озодмард, аҳволи шоҳ бо душман чун аст?
Гуфт:
— Шоҳ ба саломат аст. Аммо Тайрокро куштанд ва қавме аз шаҳр осӣ шуданд ва ба хизмати душман рафтанд. Исфаҳолосони шаҳр — Конуну Хотур ва Кофурро куштанд. Сурхи Кофар, ки ин бандиёнро бигирифт, аз шоҳ баргашт ва ба хизмати Хуршедшоҳ рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё