Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй хоҳар, корҳо Яздон месозад, ба мардиву айёрии мо нест. Аммо чаҳд кунем, бошад ки бе ранҷе тавонем гузашт ё ба ҳилату чора худро аз миёни ишон бигузаронем.

Дар миёни дара ин андеша мекарданд. Самак бо ин ҷамоат мегуфт, ки чӣ гуна берун раванд, то касе аз ҳоли ишон огоҳ нашавад.

Муаллифи ахбор ва ҳикоёт тақрир кард, ки чун шоҳ аз шаҳр ба лашкаргоҳ бозомад бо Маҳпари, Ҳомони вазир бо паҳлавонон шоҳро бидиданд ва хуррамӣ карданд ва нишоте буд дар лашкаргоҳ, ки васф натавон кард. Ҳомон аз баҳри Хуршедшоҳ садақот дод ва ба кор мустаҳиққон нишонд:

Ҳақ таоло тақдир кард, ки ҷосуси Арманшоҳ он ҷо буд. Он аҳвол маълум кард, ки Хуршедшоҳ Маҳпариро аз шаҳр бадар оварда ва ба лашкаргоҳ овард аз сарои Фалакёр. Ҷосус рӯй ба роҳ ниҳод. Гуфт:

— Эй шоҳ, пиндоштам, ки Самак айёрӣ ва шабравӣ мекунад. Подшоҳи ишон шабравӣ аз Самак сабақ бурдааст.

Арманшоҳ гуфт:

— Ба чӣ сабаб?

Ҷосус гуфт:

— Дӯш Хуршедшоҳ ба шаҳр рафтааст ва Маҳпариро ба даст овардааст ва ба лашкаргоҳ овард.

Гуфт:

— Ӯро кӣ бурд?

Гуфт:

— Мегӯянд, ки Фалакёр дар сарои худ пинҳон кард. Хуршедшоҳ ба шаҳр шуд бо Самак ва Маҳпариро биёвард.

Шоҳ фурӯ монд.

Қизилмалик истода буд, гуфт:

— Эй падар, некӯ кардӣ. Шаҳре некӯ дорӣ ва раияте, ки ҳар кӣ меояд ва меравад, кас нест, ки ӯро манъ кунад. Ва раъият ба кори худ машғул ва ҳеч ғамхори подшоҳ нестанд. Агар Фалакёр хизматгори мо будӣ, Маҳпариро аз ман пинҳон накардӣ ва аз баҳри ман биёвардӣ, на аз баҳри хеш, ки даҳ рӯз аст, ки ӯро дар сарои худ боздоштааст. Ӯро бихонд хондан ва сиёсат

пешина
аз 283
навбатӣ