Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кардан, то дигарон ибрат гиранд ва дар подшоҳ осиё нашаванд.
Ишон дар ин буданд, ки марде аз шаҳр расид, ки «Фалакёрро куштаанд».

Ва аҳвол чунон буд, ки чун рӯз равшан шуда буд, хизматгорони Тайрок ба дари сарои Фалакёр омаданд ва гуфтанд:
— Фалакёр чаро берун намеояд ва Тайроки паҳлавони мо хуфтааст ҳанӯз?
Ходимеро гуфтанд:
— Бирав ва паҳлавонро бигӯй, ки ходимон ба хизмат омаданд.
Ходим дар сарой рафт ва дар боргоҳ шуд ва бар сари тахт шуд. Дид Фалакёрро сар бируда дар шикам ниҳода. Фарёд баровард ва ҷома бидарид ва хок бар сар кард. Хурӯшону зорикунон аз сарой берун омад. Гулому хизматгорон чун бидиданд, фарёд бароварданд, ҷома бидариданд ва хок бар сар карданд. Хизматгорон талаби Тайрок карданд, аз он кӯча, ӯро ёфтанд сар бурида, рӯй ба лашкаргоҳ ниҳоданд.
Аз он ҷониб чун кас ба Арманшоҳ расид, ки Фалакёрро куштаанд, дувист савор бифармуд, то дар шаҳр раванд ва хонаи Фалакёрро ғорат кунанд. Саворон ба шаҳр омаданд. Хизматгорони Тайрокро диданд, ки ҷазаъ мекарданд ва ба лашкаргоҳ мерафтанд. Пеши ишон бозомаданд ва гуфтанд:
— Чӣ будааст?
Аҳвол бигуфтанд. Саворон гуфтанд:
— Мо низ ба шаҳр меравем, ки сарои Фалакёрро оташ дарзанем ва ғорат кунем.
Ин бигуфтанд ва саворон ба шаҳр омаданд. Сарои Фалакёрро оташ заданд ва ғорат карданд. Он чӣ буд аз молу хазина ва гулому канизак, ба тороҷ бурданд.
Аз он ҷониб мардумони Тайрок пеши шоҳ омаданд, хурӯшону зорикунон. Гуфтанд:
— Эй шоҳ, Тайрокро бикуштанд.
Шоҳ дилтанг шуд, гуфт:
— Чӣ будааст?
Гуфтанд:

1 Ҷазаъ — гирьяву зорӣ;

пешина
аз 283
навбатӣ