Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дар сарои Фалакёр шароб мехӯрданд. Бомдод ба хидмати ӯ мерафтем ва Фалакёрро кушта ёфтем. Тайрокро дар кӯча ёфтем бо чаҳор марди дигар кушта.

Шоҳ гуфт:
— Номаву ангуштарӣ куҷо бурд?
Гуфтанд:
— Талаб кунед.
Аз ҳамаи худлому хушщом¹ талаб карданд, наёфтанд. Қизилмалик гуфт:
— Ин кор Самаки айёр кардааст. Хосса ки Хуршедшоҳ будааст бо вай. Ҳам як буд. Бад-ин ҳамият ки морост ва ин паҳлавонон ки моро ҳаст, зуд бошад ки шаҳр аз даст биравад. Самак ҳазор бор бадтар аз он бикунад. Тайрокро кушт, нома ва ангуштарӣ баргирифт ва ба қалъа рафт, ки бандиёнро берун оварад.

Арманшоҳ гуфт:
— Нома навис ба кутволи қалъа — ба Газбон, ки «моро бандиён намебояд». Тарсам, ки қалъа аз дасти мо берун равад ва номуси қалъа бибарад. Ва дар нома ёл кун, ки Ғотушро, ки дар сари дара истодааст, бознамой, ки аҳвол чӣ гуна будааст; ҳар кас биёяд ва ангуштарӣ биёварад, қабул накунад ва ӯро бигирад, ки ҳамаи фитнаҳо аз вай аст, ки бар ҷаҳон падид омадааст. Самаки айёр бо Рӯзафзуни духтари Қонун ва дигарон — ҳама шогирдони вайанд.

Шаҳрон дарҳол нома навишт ҳам бар ин минвол ва сари нома мӯҳр кард. Марде буд номи ӯ Шаҳшом. Роҳшинохтӣ донистӣ, ки бисёр рафта буд. Ӯро пеш хонд, нома ба вай дод. Гуфт:
— Зуд даръёб, пеш аз он ки Самак коре бикунад, ки мо бад-он ғамнок шавем. Бошад ки гирифтор ояд ва мо аз балои ӯ бозраҳем.

Шаҳшом нома баргирифт ва рӯй ба роҳ ниҳод, то бар сари дара расид, ки Ғотушро бо ду ҳазор савор дид. Шаҳшом пеши ӯ бозомад ва хизмат кард. Нома баровард ва бӯса доду пеши ӯ биниҳод. Ғотуш сари нома боз кард ва бӯса дод ва бархонд. Чун ба номи Самак расид, бар худ биларзид. Гуфт:
— Самак ба ман расид ва ман ӯро нашинохтам? — Гуфт: — Эй Шаҳшом, ӯро даръёб, ки ӯ ва ҷамоате дар дара рафтанд ва номаву ангуштарӣ пеши бароларам

¹Худлому хушщом — хизматгорону чокарон

пешина
аз 283
навбатӣ