Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бурдаанд—Ғазбон. Бошад ки ишонро ба қалъа даръёбӣ ва ҳам он ҷо ишонро банд барниҳед ва фатҳе азим бошад.
Агар ин кор барояд, оламе халоик аз ғами ӯ бозраҳанд, ки ман худ сари дара нигоҳ дорам.

Шаҳшом бархест ва бирафт. Ба миёни дара расид, баробари Самаку бандиён ва он қавм, ки бо Самак буд, бозафтод. Ва дар он соат Самак тартиби кор мекард, ки чӣ гуна аз пеши Ғотуш бигузарад. Бар он буд, ки бандиёнро банд барниҳад ва он мол гӯяд, ки Ғазбон ба ҳадия фиристодааст. Ин кор мехост, ки Шаҳшом даррасид. Самак бифармуд, то ӯро бигирифтанд ва пеш оварданд. Ӯро биҷустанд, номаро берун оварданд.
Нома ба дасти Самак доданд. Самак гуфт:

— Эй ҷавон, пеш аз он ки нома бархонам, бигӯй, то кистӣ ва нома чист ва кӣ фиристодааст? То донӣ, ки маро Самаки айёр хонанд, ки мардони олам аз тарси ман ба шаб наёранд хуфтан. Бигӯ, то туро ба ҷон зинҳор диҳам ва маро бародар хон ва агар нагӯй, туро ҳалок кунам.

Шаҳшом гуфт:

— Эй паҳлавон, маро зинҳор деҳ, то бигӯям.

Самак гуфт:

— Туро зинҳор диҳам, агар ба аҳди ман дарой.

Шаҳшом гуфт:

— Нома бархон, то маълум шавад.

Самак нома боз кард ва бархонд ва маълум кард
набишта буд, ки:

«Ин нома аз ман, ки Арманшоҳам, ба Ғазбон,
ки гумоштан қалъаи Дувоздаҳдара аст. Зинҳор
гӯш дор, ки Самаки айёр ба макр омадааст, ки
бандиёнро бибарад».

Самак чун бидид, гуфт:

— Эй Шаҳшом, Ғотуш бо ту чӣ гуфт?

Гуфт:

— Ғотуш гуфт: «Ғазбонро бигӯй, то Самаку дигаронро бигирад».

Самак фурӯ монд. Гуфт:

— Эй дареғо, кори мо ба зиён хоҳад омадан.

Пас Самак гуфт:

— Эй Шаҳшом, бар сари дара ҳеҷ роҳ ҳаст, ки мо берун равем, чунон ки Ғотуш огаҳ набушад?

Гуфт:

— Эй паҳлавон, не, роҳи мо бад-ишон аст. Агар маро

пешина
аз 283
навбатӣ