Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ба ҷон зинҳор диҳӣ, бо гу ёр бошам ва шуморо роҳе дигар нишон диҳам.
Самаки айёр гуфт:
— Қасам ёд кун, ки бо мо қадр накунӣ ва бо мо ёр бошӣ, то туро ба ҷон зинҳор диҳам.
Савганд хӯрд, чунон ки расми эшон буд.
Пас Самак бархост ва ӯро дар канор гирифт ва гуфт:
— Маро бародарӣ.
Шаҳшом гуфт:
— Эй паҳлавон, бар ин роҳ нашояд рафт, ки хол гуфтам ва хосса ки номуси қалъа бурдӣ ва бародарашро ба қатл овардӣ ва эшон бисёр, шумо андак. Шуморо бигиранд. Аммо бидон ва огоҳ бош, ки аз ин ҷониб бар дасти рост биравӣ ба миқдори се фарсанг, дарае ҳаст аз ҷумлаи дувоздаҳ дара ва дувоздаҳ ҳазор марди айёри паҳлавон ва сафдару мубориз дар вай ҳаст ва пешрави эшон марде ҳаст, номи ӯ Ғӯри Кӯҳӣ. Ин дувоздаҳ дара бар ӯ бозхонанд ва ду бародар дорад, паҳлавон.
Якеро ном Кӯҳёр ва якеро ном Кӯшёр. Ва се бародарзодаи мардона дорад: якеро ном Марддӯст ва якеро ном Мардгир ва якеро ном Мардафкан. Ва Ғӯри Кӯҳӣ марде ҷавонмард аст ва номи ӯ дар ҷаҳон ба ҷавонмаррдӣ мунташир аст ва машҳур дар ҷавонмардӣ ва зинҳордорӣ. Чунон аст, ки агар касе фарзанде аз онӣ вай бикушад ва аз дари ӯ бозравад, ӯро наҷозорад ва хуни фарзанд бознахоҳад. Ва касеро зараре набошад аз халаму ҳашам, ки манъе кунад, ки эшон низ ҳама ҷавонмардонанд. Ва агар касе ба зинҳор пеш равад, ҷон фидо кунад ва аз онӣ ҳама фарзандону бародарон, нагӯяд ва зинҳор аз даст надиҳад. Ва чанд навбат аз ин дараҳо ба зинҳори вай рафтаанд ва ба худ қабул кардааст ва эшонро аз даст надодааст. Ва ин ёздаҳ дараи дигар бо эшон барнаёянд, ки ҷойгоҳе мӯҳкамасту устувор. Шуморо пеши Ғӯри Кӯҳӣ барам, то шуморо бидорад, ки ҷойгоҳе мӯҳкам аст.
Шаҳшом аз пеш мерафт, эшон аз дунболаи ӯ мерафтанд, то бар сари дара расиданд. Дарахте диданд, азим бузург ва дар зери дарахт тахте афканда аз санг ва марде бар болои он тахт такя зада ва панҷ ҷавон болои сари ӯ ба хизмат истода. Шаҳшом гуфт:
— Эй паҳлавон, Ғӯри Кӯҳӣст. Соате шумо таваккуф кунед, то пеш равам ва аҳвол бигӯям.

пешина
аз 283
навбатӣ