Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Самак гуфт:
— Раво бошад.
Шахшом бирафт. Чун ба хизмати Гӯри Кӯҳӣ расид, хизмат кард ва ӯро дуо гуфт. Гӯр чун Шахшомро дид, гуфт:
— Ба чӣ кор омадай?
Шахшом марде асмар 1 ва бар он дара бисёр рафта буд. [Гӯр] гуфт:
Аҳволи шоҳу Қизилмалик ва паҳлавонон чист? Мешунавам, ки ишонро бо Фағфур пайкор афтодааст.
Пас Шахшом он чи маълум дошт, бигуфт, ки «пайкор афтодааст ва бисёр халқ ба марг омадаанд ва ин ҳама ошӯбу ҷанг аз баҳри Маҳпарӣ — духтари Фағфур аст». Аз ин гуна бисёр бигуфт, ки «Фағфур духтари худ ба подшоҳзодае додааст, номи ӯ Хуршедшоҳ, фарзанди Марзбоншоҳ аст, подшоҳи Шому Шомот. Акнун Арман-шоҳ аз баҳри Қизилмалик ӯро хостгорӣ карда буд, ба кина бархост, ки чаро ба Қизилмалик надод ва аз баҳри он ҷанг бархост» ва аз марги Тайроқу Айлок огоҳӣ дод. Гӯри Кӯҳӣ бар марги ишон бисёр бигирист, то Шахшом гуфт:
— Эй паҳлавон, ин ҷамоат ба зинҳори ту омадаанд ва пешрави он қавм Самаки айёр аст, ки ин ҳама кор дар ҷаҳон ӯ афкандааст, чунон ки паҳлавононро маълум аст.
Гӯр чун номи Самак шунид, хуррам шуд, ки овозаи ӯ шунида буд, ки он ҳама кори Чину Мочин карда буд. Бо худ гуфт: «Марде ки чунин корҳо аз дасти вай бармеояд, воҷиб бошад, ки ӯро ба худ боздоранд, хосса ки ба зинҳори мо омадааст.» — Бифармуд, то фарзандони пай ҳар се бираванд ва ишонро биёваранд ва худ аз аҳволи Газбон ва куштани ӯ хабар надошт. Фарзандон бо Шахшом бирафтанд. Чун пеши Самак расиданд, ӯро дар канор гирифтанду биёварданд то назрики Гӯр. Самак бо ёрон хизмат карданд. Гӯр бархост ва дасти Самак бигрифт ва ба тахт бароварду пеши худ бинишонд. Пеш аз он ки сухан гӯянд, бифармуд, то таом оварданд ва бихӯрданд. Чун аз нон хӯрдан фориғ шуданд, ба шароб хӯрдан машғул гаштанд. Гӯри Кӯҳӣ гуфт:
— Эй паҳлавони Самак, аз кору кирдори ту бисёр шунидам, ки дар Чину Мочин чӣ кардӣ. Чӣ гуна бар ин роҳ афтодӣ?
1 Асмар — афсонагӯ, ҳиссахон; гандумгун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё