Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Гуфт:
— Яздон маро ба хизмати паҳлавон тавфиқ дод. — Ва аҳволи бандиён, ки гирифтор буданд ва нишонро ба қалъаи Ғазбон овардан ва овардани бандиён аз қалъа бо мол ва чорво кардан, ки аз пеши Ғотуш чӣ гуна бигузарад ва расидани Шаҳшом ва роҳ намудан ба хизмати паҳлавон — ҳама бигуфт.
Ғӯри Кӯҳӣ дар он ҳол ҳама бозмонд. Гуфт:
— Эй паҳлавон, акнун шумо зиноҳдорони мапед ва ман ҷону мол ва фарзандон аз баҳри шумо фидо кунам, хосса дар чун ту марде, ки чанд ҳазор дар ту мавҷуд аст ва мардиву адаби нафс, ки дар араб масал задаанд, ки «Адаб-ун-нафс хайрун мин адаб-уд-дарс» 1. Ва ин ҷони ман фидои шумост. Ғам махӯред, ки ҳар чӣ бояд кардан, ман бикунам ва чораи кори шуморо бисозам. Ва агар хоҳед, ки берун равед, шуморо бе ранҷе бифиристам.
Самак бо дигарон хӯрмат карданд. Ва ба шаробхӯрӣ машғул шуданд.
Қазои ҳақ таоло чунон буд, ки марде буд чӯпон, бадфеълу ҳаромзода. Аҳвол маълум кард ва ҳам дар шаб рӯй ба роҳ ниҳод то пеши Ғотуш омад. Гуфт:
— Эй паҳлавон, ту дар кор ғофилӣ ва Самаки айёр омаду ба қалъа рафт ва бародарат — Ғазбонро кушту бандиёнро аз қалъа ба зер овард бо моли фаровон. Ва бо Шаҳшом ба дари Ғӯри Кӯҳӣ рафт ва [Ғӯр] ӯро паноҳ сохт.
Чун Ғотуш аз куштани бародар огоҳ шуд, ҷома бидарид ва хок бар сар кард ва гиряву зорӣ дарипҳод ва ба таъзият бинишаст. Пас хоссагони ӯ гуфтанд:
— Пас нома бояд навиштан ба Арманшоҳ ва ӯро огоҳ додан ва мутарассид 2 бошем, то чӣ мегӯяд.
Ғотуш гуфт:
— Нависед ва аҳвол бошнамоед.
Пас дабири Ғотуш нома навишт. Аввали нома номи Яздон ёд кард, пас навишт:
«Ин нома аз ман, ки Ғотушам — хизматгори Арманшоҳ, аз диле пургаму чашме пурнам ва диле бирьёну чашме гирьён, меҳнатзада, ҷигарсӯхта, ба шохи фаррух — подшоҳи Мочину Дувоздаҳдара.
1 Адаби нафс (сириштӣ) беҳ аз адаби дарс (омӯхташуда) 2 Мутарассид — нигарон, мунтазир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё