Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Бидонад ва огоҳ бошад, ки Самак бо қавме омаданд ва ангуштариву номаи шоҳ оварданд. Ин банда хизмат кард ва ба он чи фармуда буд, қиём намуд ва фармон ба ҷой овард, ӯро ба дара фиристод. Ва бародарам Ғазбони қутворро кушт ва бандиёнро аз банд берун овард ва бо моле фаровон ба дараи Гӯри Кӯҳӣ рафт. Сабаб он, ки чун шоҳ номаи дигар фиристод, ки Самак омадааст, Самак кори хеш карда буд. Ин ҷурм шоҳрост, ки номаву ангуштарӣ ба дасти ҳар кас медиҳанд. Чун номаву ангуштарӣ дидам, пиндоштам, ки мӯътамади шоҳ аст. Акнун маълуми шоҳ кардем, то чӣ мефармояд. Вассалом.
Чун нома тамом кард, мӯҳр барниҳод. Марде буд, номи ӯ Самеҳи Пайк, хизмат кард. Нома бад-ӯ дод ва гуфт:
— Зуд ба шоҳ расон.
Самеҳи Пайк ба роҳ афтод, ба ду шаб ба лашкаргоҳ расид. Ба боргоҳи Арманшоҳ омад. Хизмат карду нома ба Шаҳрон дод. Бархонд, аҳвол маълуми шоҳ кард. Ва маъни бар шоҳ мехонд, Арманшоҳ бар худ мепечид. Гуфт:
— Эй вазир, бо кӣ тавон гуфт. Дар дасти як тан чандин ҳазор тан дар ғусса бошанд ва бинигар, ки чӣ гуна бар ин қалъа рафт ва ба дараи Гӯри Кӯҳӣ чун афтод ва ӯро ин роҳ кӣ намуд? Пиндорӣ, ки навбате дигар Самак дар ҷаҳон будааст, ки ин ҳама корҳо медонад. Акнун чора чист? Бо вай чӣ чора кунам ва ӯро чӣ гуна ба даст оварам, ки ҳамаи олам хароб кард?
Шаҳрон гуфт:
— Эй шоҳи замона, моро нома бояд навиштан ба Ғотуш ва таъзият додан ва ӯро ба Дувоздаҳдара фиристодан ва тавкеъ 1 Дувоздаҳдара ба номи вай навиштан ва қалъа дар назарӣ ӯ кардан, ки акнун кас намондааст. Тайроку Айлок ва Ғазбонро куштанд. Шоҳон, ки дар Шаҳдара мебошад, кори вай нест. Ғотушро хилъат деҳ ва ҳамчунин нома ба Гӯри Кӯҳӣ навис бо хилъат. Ва ӯро ба сухани ширин бифирефтан ва ба худ хондан ва муроот кардан ва бандёнро аз вай хостан, ки ишонро аз ҷанги вай берун натавонем овардан. Ва агар на, лашкари рӯи замин бо он дара ҳеҷ ба даст надоранд, магар бо мурооту сухани хуш коре барояд.
1 Тавкеъ — фармон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё