Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Шоҳ гуфт:
— Он чӣ мебояд кардан, кун.
Шаҳрони вазир дарҳол бифармуд, то қаламу давот ва коғаз биёварданд. Шаҳрон нома навишт ва дар аввал номи яздон ёд кард. Пас Ғотушро биситуд ва паҳлавонии Дувоздаҳдараву қалъа ба вай дод ва дилхушиву умедворин бисёр шарҳ дод ва дар охири нома таъзияти бародараш боздод ва хилъати зебо сохт ва фаровон таҳдид кард. Ва чун ин тартиб карда шуд, номае дигар навишт ба Ғӯри Кӯҳӣ ва суханҳои хуб ӯгуфт. Пас номаҳо мӯҳр барниҳод, бо хилъати шоиста аз зару сим ва ҷавоҳир ва аспу ҷома ва ғулому канизак ва он чӣ ба кор буд, тартиб кард. Пас гуфт:
— Марде бояд сухандон ва паҳлавон, ки нома бибараду ҷавоби нома бозоварад.
Паҳлавоне буд номи ӯ Қарохон. Шӯҳ номзад кард, ки биравад. Қарохон хизмат кард ва он номаҳо биситад бо хилъату ташриф 1 ва бо дувист савор рӯй ба роҳ ниҳод, то ба наздики дара омад.
Хабар ба Ғотуш бурданд, ки Қарохонӣ паҳлавон омадааст. Ғотуш аз ғами бародар сар барнаёвард, то Қарохон ба наздик расид. Хоссагён дасти Ғотуш бигирифтанд, то миқдори даҳ гом пеши Қарохон бозомад. Қарохон донист, ки аз баҳри бародар ғамнок аст, ӯро маъзур дошт. Пиёда гашт ва ӯро дар канор гирифт ва таъзият боздод.
Пас ба хайма омаданд. Қарохон гуфт:
— Эй паҳлавон, осуда бош, ки аҳволи ҷаҳон чунин аст. То буд ва бошад, бар ин ниҳод баромадааст. Дил танг мадор, ки ҳеҷ кас нахоҳад раст. Агар ғам хӯрӣ, суде нахоҳад дошт. Бародари ту зинда нахоҳад гашт. Ҷаҳд бояд кардан, ки мукофот бозкунӣ ва хуни бародар хоҳӣ, беш аз ин ғам хӯрдан шарт нест.
Аз ин маъни бисёр бигуфт ва ӯро пандҳо дод. Пас ба дастури шоҳ ӯро аз таъзият берун овард ва хилъати шоҳ ба вай пӯшонид ва номаву фармон пеши ӯ биниҳод. Ғотуш нома бархонд ва аҳволи фармон маълум кард. Заминро намоз бурд ва бар шоҳ офарин гуфт ва аҳволи Ғӯри Кӯҳӣ бигуфт. Гуфт:
— Эй паҳлавон, туро пеши Ғӯри Кӯҳӣ мебояд рафт ва суханҳо чунон ки донӣ, бигӯй. Бошад ки муроди шоҳ
1 Ташриф – хилъате, ки подшоҳон ба касе бахшанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё