Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
барояд ва он ҳаромзодаи Самакро аз дасти ӯ берун оварӣ.
Қарохон бо дувист савор рӯй ба роҳ ниҳод, то ба наздики дараи Гӯри Кӯҳӣ расид. Кас фиристод ва аҳвол ба Гӯри Кӯҳӣ бигуфтанд, ки қавме омадаанд ва мегӯянд, ки нома дорем. Чӣ фармой?
Гӯри Кӯҳӣ кас фиристод, ки эшонро дароваред. Пас бифармуд, ки ҷумлаи хизматгорони ӯй силоҳ пӯшиданд ва ба хизмати вай бозистоданд. Самакро бо Сурхварду Рӯзафзун ва Оташаку Ниёли Санҷонӣ ва Саъди айёру ду бародарони кассоҳ — ин ҳафт мард бар дасти рости худ бинишонд. Ва бар болои сар Кӯҳйёру Кӯшӯёр ва Марддӯсту Мардгиру Мардафкан биистоданд, то Қарохон бо сипоҳ бирасиданд. Сипоҳро аз дур бидоштанд. Қарохон пеш омад ва хизмат кард. Ва он ҳайбату сиёсат бидид, писандида дошт. То Гӯри Кӯҳӣ бифармуд, то Қарохонро бинишонданд. Дарҳол нон биниҳоданд. Чун нон бихӯрданд ва фориғ шуданд, Қарохон бифармуд, то он молҳо, ки оварда буданд, ба боргоҳ оварданд ва пеши Гӯри Кӯҳӣ арз карданд. Гӯр гуфт:
Дидам. Чаро овардай ва ба чӣ кор омадай?
Қарохон гуфт:
— Эй паҳлавон, бидон ва огоҳ бош, ки ин молу хадия туро Арманшоҳ фиристодааст ба нома ва маро ба забон пайгоме додааст, ки пеш аз нома бигӯям, то магар бар нома ҳоҷат набошад.
Гӯри Кӯҳӣ гуфт:
— Бигӯй, то чӣ пайгом дорӣ?
Қарохон гуфт:
— Эй паҳлавон, шоҳи ҷаҳон Арманшоҳ салому дуо мерасонад ва мегӯяд, ки «Паҳлавон огоҳ аст ва ҳеҷ кас аз вай беҳтар намедонад, ки аз ҳама ҷаҳон беш дидааст, ки падари падарони моро ин дара будааст ва ҳеҷ кас аз ин дара бар подшоҳи худ осӣ нашудаанд. Ва то ман подшоҳам, ҳаргиз аз ман ранҷе ба кас нарасидааст ва пайкоре ба кас нафармудаам. Акнун моро душмане азим бархостааст. Чунон ки туро маълум аст, ки чанд масоф карда шуд ва чанд халоик табоҳ шуданд. Ва боз ин ҳама, душмане азимтар аз ҳама Самак аст. Менамоянд ки бо ҷамоате авбош ба Дувоздаҳдара омадаанд ва номуси қалъа бурданд ва Ғазбони кутволро куштанд ва бандиёнро ба зер оварданд. Ва худу шогирдон пеши ту омаданд ва паноҳ ба ту овардаанд. Туро маълум аст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё