Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
ки Самак ба ҷони мо чӣ кардааст. Оламе мардумро саргардон медорад. Яқин донам, ки чун ӯ гирифтор омад, ҷаҳоне ором гирад. Ин қадар мол фиристодем, қабул кунад, ки мо аз кори лашкарддорӣ бо ҳеҷ намепардозем. Узр хоста ояд, ки моро ҳаққи бисёр аст. Донам, ки бар ин қадар дили мо наёзорад ва душмани моро баста бифиристад, то миннате бошад».
Чун Ғӯри Кӯҳӣ ин сухан бишунид, гуфт:
— Эй Қарохон, сухан он аст, ки ҳеҷ мумкин нашавад. Ишон ба зинҳор пеши ман омадаанд ва шоҳ маро мешиносад, ки дар зинҳордорӣ ҷон бидиҳаму зинҳор аз даст надиҳам. Бо ман дар ин кор мунозира набояд кард.
Қарохон гуфт:
— Эй паҳлавон, бо шоҳ панҷа мафикан ва фармони подшоҳӣ вақт ба ҷой овар, ки дар подшоҳ осӣ шудан на нек бошад. Ту донӣ, ки аз Самаку ӯрони ӯ ҳеҷ наёяд ва кору бори худ ба ҳам бармакун ва мавзеъу маскан ва мақому ватан бар худ шефта макун.
Ғӯри Кӯҳӣ гуфт:
— Эй Қарохон, бо ман сухани чунин дармагирад ва маро ба сухану зар аз роҳ натавон бурдан. Ба хонумон ва ҷойгоҳу сар, ки барбод ояд, маро пашояд тарсонидан. Агар шоҳро мақсуд аст, ки Самакро ба вай фиристам, ки ӯро бисёр зинен кардааст, то ба ивази зинён ӯро молиш диҳад, даҳ пилвор зар бидиҳам ва агар зиёдат хоҳад, дареғ надорам, то шоҳ донад. Ман аз ин дара бе ранҷе ишонро ба лашкаргоҳи худ расонам, он гоҳ шоҳ донад. Чандон ки номи неки ман дар зинҳордорӣ бимонад ва фарзандони ман бадракан1 ишон бошанд то назди Хуршедшоҳ. Он гоҳ шумо донед. Чун шоҳ мехоҳад, ки ман дар хидмати вай бошам, донам, ки шоҳ низ дили ман хоҳад ва маро зиштномӣ нахоҳад. Чун ишонро ба ҷон худ бозрасонам, он гоҳ шоҳ донад. Ва ба ҷуз чунин аз ман наёяд. Он гоҳ чун рафта бошад, душмани азимтари Самак ман бошам аз баҳри шоҳ.
Қарохон гуфт:
— Эй паҳлавон, шоҳ маро чунин нафармуд. Акнун нома бархон ва кор аз нома кун. — Нома берун овард ва бӯса доду пеши Ғӯр биниҳод. Ғӯр нома баргирифт ва ба дасти бародари худ Кӯҳҷёр дод, ки Кӯҳҷёр хонанда буд. Нома боз кард ва мехонд. Набишта буд, ки:
1 Батрака — ҳамроҳкунанда барои бо ҷое расонидани касе.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё