Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
«Эй Ғӯри Кӯҳӣ, аҳволи ману ту падидор аст. То бадкини ғоят хизматгори некӯ кардӣ ва мо низ туро бадхоҳ набудем ва ҳеҷ адовату гуфторе миёни мо набуд ва ҳаргиз аз ту чизе нахостам ва ба ҳар чӣ гуфтӣ, туро бадхоҳ набудам. Филҷумла агар душмане азим азони мо паноҳ ба ту овардааст, ва ӯро ном Самак аст, Қарохон паҳлавонро фиристодем, то ӯро даст баста ба вай супорад, то ба хизмати мо оварад, ки худ аз вай ранҷҳои бисёр ба мо расилааст. Ва агар чунон аст, ки таксир кунад, фармудаем, то Қарохон Ғӯри Кӯҳиро даст баста ба наздики мо оварад. Ои гоҳ худ чоран мардумон бисозем».
Кӯҳйр чун бад-он ҷо расид, ки «...Ғӯри Кӯҳиро даст баста биёварад», гуфт:
— Эй Қарохон, азим гурурест, ки Арманшоҳ дар димог дорад. Ғӯри Кӯҳӣ чунон аст, ки ба ту ё ба ҳазор марди чун ту [таслим шавад]? Ё Арманшоҳу ҷумлаи сипоҳ заҳра доранд, ки дар вай нигоҳ кунанд? Ё кори мо чунон аст, ки ҳар чӣ бе муроди мо бошад, касе тавонад кардан? Бандиён мо дорем ва ба кас надиҳем ва нахоҳем додан! Ва агар лашкари олам ба мо хоҳанд омадан, масоф кунем. То яке аз мо зинда бошад, ишонро аз даст надиҳем.
Қарохон гуфт:
— Эй паҳлавон, ту сухани кӯдакона мегӯй ва намедонӣ, ки ҳеҷ кас ин сухан нагӯяд ва ин кор накунад, ки шумо мекунед ва мегӯед. Дар подшоҳи худ осӣ шудан шарти некон набошад.
Қарохон чун ин сухан бигуфт, Кӯҳйёр марде тунд буд ва биёмаду як пушти даст бар вай зад, чунон ки ӯро аз тахт ба зер андохт. Аз лашкари Кӯҳйёр гумон ин буд, ки ӯро бибояд куштан. Намедонистанд, ки расул худ чӣ бошад. Даст бар ӯ доштанд ва ӯро пора-пора карданд. Пас гирди ғуломуну хоссагиёни вай баромаданд ва ба як лаҳза ҳамаро бикуштанд, магар бист мард, ки аз миёни ишон бигурехтанд, то пеши Ғотуш омаданд хаставу маҷрӯҳ. Аҳволи рафта пеши Ғотуш гуфтанд. Ғотуш дар он кор дилтанг шуд. Бар марги Қарохон ғамнок гашт. Гуфт:
— Донистам, ки Ғӯри Кӯҳӣ зинҳорнёпро аз даст надиҳад. Аммо надонистам, ки паҳлавоне чун Қарохонро бикушад. — Пас дарҳол нома ба Арманшоҳ навишт. Аввали

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё