Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй паҳлавон, маро Амирак хилъат фиристодааст, ки фардо ба майдон ой, ки бо даҳ пил, ки овардай, маро ёр бошӣ.
— Маро низ хилъат фиристодааст ва хонда.
Савсани тирандоз гуфт:
— Маро низ хилъат фиристодааст.
Ғотуш гуфт:
— Раво бошад. Мо мехоҳем, ки дараи Ғӯр биситонем ва ишонро қаҳр кунем. Агар шонстӣ, ҳама ба як бор бирафтамонӣ, то зуд ба хидмати шоҳ расидамонӣ ва ин бандиён бо худ бибурдаме бо фатҳу хуррамӣ.

Ишон гуфтанд, фардо ки аз масоф бозгардем, ишонро пеши Арманшоҳ фиристем. Ин сухан бо ҳам мегуфтанд. Дар ин сухан буданд, ки яке аз пеши муваккалон ба шаробхона омад пеши Самаку Кӯҳйёр ва гуфт:
— Эй озодмардон, шароб қадре бошад, ки зар бидиҳем.
Самак ӯро гуфт:
— Чаро набошад?
Самак бархост ва аз он шароб хике дар пеш овард, ки бибарад. Мард гуфт:
— Ту зар биситону хик ба ман деҳ, то бибарам то ранҷи ту набошад.
Самак гуфт:
— Эй озодмард, қоида аст, ки мо биёнарему зар биситонем ва хик бозоварем. — Ҳик дар пушт гирифт ва пеши муваккалон овард. Салом гуфт ва хик биниҳод.
Ишон гуфтанд:
— Эй озодмард, мо шароб аз хик натавонем хӯрдан ва туро бознатавонем доштан, ки туро кор бошад. Ин шароб дар сурохӣ кун ва бозгард.

Самак нигоҳ кард, тагоре дид дар миёни ишон ниҳода ва чанд сурохӣ. Самак бархосту хики шароб дар даст гирифт ва чанд мискол беҳушона дар миёни ангушт гирифт ва ба дасти чап сари хик баркушод ва дар тагор мекард, то он дору гудохта шуд. Самак хик тахи карду бар дӯш гирифт. Он муваккалон ду дурусти зар ба вӣ додаид.
Самак бозгашт ва гуфт:
— Кор кардам.
Кӯҳйёр гуфт:
— Эй паҳлавони Самак, ман дар кори ту бозмондаам. Пин дорӣ, ки дар сарои худ гирифторӣ. Сахт густох корпо

пешина
аз 283
навбатӣ