Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

миқдори як тирпартоб аз мардумон дур монд. Зиёд камоне дошт, Кӯҳйёр биситад ва гуфт:
— Ман ба зеҳ тавонам овардан?— Ба амдан¹ бар замин бинишаст ва камонро ба зону даровард, дар зеҳ меовард. Кӯҳйёр ҳалқаи зеҳ бигирифт, яъне ки дар гӯшан камон меафқанад. Чунун Зиёд камонро ҳам дод, Кӯҳйёр дарҷаст, ва ҳалқи Зиёд бигирифт ва ба қувват бияфшурду ӯро бикушт. Дарҳол ҷома аз тани вай берун кард ва дар худ пӯшид ва он чӣ дошт аз силеҳ, бар худ рост кард, бад-он гуна ки Зиёд гашт ва худро «Зиёд» ном кард, бар пои корвон рӯй биниҳод.

Самак нигоҳ кард, Кӯҳйёрро дид, ки меомад. Ҷомаву силеҳи Зиёд пӯшида, чунон ки ҳар ки ӯро бидидӣ, аз Зиёд бознашинохтӣ, аз баҳри он ки ба дидор ва ба боло ба Зиёд нек монанда буд. Самак бар вай офарин кард.

Чунун Кӯҳйёр бирасид, дар он мардумон нигоҳ кард. Самакро надид. Фурӯ монд ва бо худ гуфт: «Куҷо рафт? Набояд ки маро дар бало афканду бишуд. Донам ки ин кор накардааст. Куҷо рафта бошад?» Пас дар Ҷарод нигоҳ кард. Самакро дид, ҷомаи Ҷарод пӯшида худро ба сурати ӯ бароварда. Самак ӯро дар гӯшае бурда буд ва куштаву ҷомаи ӯ дарпӯшида ва худро бар он гуна бароварда.

Чунун ба наздики ҳарбандагон² расиданд, ҳеҷ нагуфтанд, то ба лашкаргоҳ расиданд.

Савор омада буд ва гуфта, ки чанд харвор бор мерасад. Чунун бор бирасид, меҳтари шаробдор дар пеш бозомад, ки шароб чанд харвор аст. Самак дониста буд, гуфт:
— Панҷоҳ харвор.
Гуфт:
— Шароб аз ин ҷониб оранд ва ҳанеҷ ба матбах баранд.

Самак ҳарбандагонро гуфт:
— Ҳавеҷ бибаред ба матбах ва бисупоред, ки ман шароб ба шаробхона хоҳам бурдан бо меҳтар.

Самак миён дарбаст ва Кӯҳйёр ёрӣ кард ва борҳо аз ларозгӯш фурӯ гирифтанд ва хикҳо аз чувол бадар оварданд. Кӯҳйёр ҳар чӣ Самак мефармуд, мекард. Аз кори вай аҷаб бозмонда буд. Пир доштӣ, ки даҳ сол аст то

¹ Амдан — тасад.
² Ҳарбанда — аркол, соҳиби кар, ронандаи кар.

пешина
аз 283
навбатӣ