Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самак бозгуфт. Ишон офарин карданд ва хуррам шуданд ва бар ҷойгоҳ мебуданд.

Самак пеши рикобдори Тавраг омад ва ӯро дар хоб дид. Сар фурӯ бурд ва гуфт:
— Бархез, ки Тавраг маст шуд ва берун хоҳад омад.

Рикобдор аз хоб даромад ва саросема, Самак ҳалқи ӯ бигирифт ва бияфшурд, то бимурд. Пас ҷома аз ӯ берун кард ва дар худ пӯшид ва қошия дар миён баст ва ӯро дар гӯшае бихобонид ва дигар бор пеши рикобдори Равза омад ва ҳамчунин ҳалқи ӯ бигирифту бияфшурд, то бимурд. Пас Кӯҳьёр баробари вай буд, бифармуд, то ҷома аз ӯ берун карду дар худ пӯшид ва асп дар даст гирифт ва ба ҷон вай бинишаст. Самак куштаро дар гӯшае бихобониду пеши рикобдори Саван омад ва ӯро низ бикушт. Ва ҳар се асп дар даст гирифтанд ва ба ҷон ишон мебуданд.

Аз он ҷониб Бугрои соқӣ шароб дар қадах мекард ва ба хӯрди ишон медод, то ҳама маст гаштанд ва бияфтоданд. Гуломони Таврагу Савсану Равза аз хайма бадар омаданд. Самаку Кӯҳьёр асп даркашиданд ва ишон ҳар серо барнишонданд ва ҳар яке гуломе дар пас нишаста ва се гуломи дигар бо ишон. Самаку Кӯҳьёр дар пеши ишон мерафтанд, то бад-он мақом ки муваккалон буданд, бигузаштанд. Сурхварду Хурмузи Кел ва Самур бидиданд, ба пой баромаданд ва дунболан ишон гирифтанд, то Самак ишонро дармеопард. Гавӣ буд, аспон дар он гав оварданд. Гуломон гуфтанд:
— Эй рикобдорон, на рост меравем на ин роҳ нест.

Ҳанӯз [тамом] нагуфта буданд, ки ҳар яке ба яке даромаданд ва он шаш гуломоро бикуштанд ва Таврагу Савсану Равзаро аз асп даровардандӯ сарҳошон бибуриданд. Тани ишон биёварданд дар миёни он муваккалон ба ҷон бандҳои ниҳоданд ва ҳар панҷ муваккалонро сар бибуриданд. Пас ҳар се [сар]ро баргирифтанд ва чун бод рӯй ба роҳ ниҳоданд. Кӯҳьёр дар пеш истода. Чунҷон рафтанд, ки чун рӯз равшан шуд, пеши Гӯри Куҳи расида буданд.

Гӯри Кӯҳӣ ба тахт баромада, ки Кӯҳёр бо Самак даромаданд ва хизмат карданд ва он сарҳо биниҳоданд ва Хурмузи Келу Самуру Сурхвард бо ишон хизмат карданд. Гӯр дар ишон нигоҳ кард ва гуфт:
— Ин сарҳо аз онӣ кист ва ин кистанд, ки омадатанд?

пешина
аз 283
навбатӣ