Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Самак бозгуфт. Ишон офарин карданд ва хуррам шуданд ва бар ҷойгоҳ мебуданд.
Самак пеши рикобдори Тавраг омад ва ӯро дар хоб дид. Сар фурӯ бурд ва гуфт:
— Бархез, ки Тавраг маст шуд ва берун хоҳад омад.
Рикобдор аз хоб даромад ва саросема. Самак ҳалқи ӯ бигирифт ва бияфшурд, то бимурд. Пас ҷома аз ӯ берун кард ва дар худ пӯшид ва ғошня дар миён баст ва ӯро дар гӯшае бихобонид ва дигар бор пеши рикобдори Равза омад ва ҳамчунин ҳалқи ӯ бигирифту бияфшурд, то бимурд. Пас Кӯҳьёр баробари вай буд, бифармуд, то ҷома аз ӯ берун карду дар худ пӯшид ва асп дар даст гирифт ва ба ҷон вай бинишаст. Самак куштаро дар гӯшае бихобониду пеши рикобдори Саван омад ва ӯро низ бикушт. Ва ҳар се асп дар даст гирифтанд ва ба ҷон ишон мебуданд.
Аз он ҷониб Бугрон соқии шароб дар қадаҳ мекард ва ба хӯрди ишон медод, то ҳама маст гаштанд ва бияфтоданд. Ғуломони Таврагу Савсану Равза аз хайма бадар омаданд. Самаку Кӯҳьёр асп даркашиданд ва ишон ҳар серо барнишонданд ва ҳар яке ғуломе дар пас нишаста ва се ғуломи дигар бо ишон. Самаку Кӯҳьёр дар пеши ишон мерафтанд, то бад-он мақом ки муваккалон буданд, бигузаштанд. Сурхварду Хурмузи Кел ва Самур бандиданд, ба пой баромаданд ва дунболан ишон гирифтанд, то Самак ишонро дармеовард. Гапе буд, аспон дар он гав оварданд. Ғуломон гуфтанд:
— Эй рикобдорон, на рост меравем ва ин роҳ нест.
Ҳанӯз тачом нагуфта буданд, ки ҳар яке ба яке даромаданд ва он шаш ғуломону бикуштанд ва Таврагу Савсану Равзаро аз асп дароварданду сардошон бибуриданд. Тани ишон биёварданд дар миёни он муваккалон ба ҷон бандиён ниҳоданд ва ҳар панҷ муваккалонро сар бибуриданд. Пас ҳар се сарро баргирифтанд ва чуи бод рӯй ба роҳ ниҳоданд. Кӯҳьёр дар пеш истода. Чунон рафтанд, ки чун рӯз равшан шуд, пеши Гӯри Кӯҳи расида буданд.
Гӯри Кӯҳӣ ба тахт баромада, ки Кӯҳёр бо Самак даромаданд ва хизмат карданд ва он сарҳо биниҳоданд ва Хурмузи Келу Самуру Сурхвард бо ишон хизмат карданд. Гӯр дар ишон нигоҳ кард ва гуфт:
— Ин сарҳо аз онии кист ва ин кистанд, ки омадаанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё