Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

чун ту мард нест ҷавонмарди бо ақлу дониш ва ҳунарманду айёрпеша. Агар на он будӣ ки марде пирам, камари мутовати ту бар миён бастаме ва аз ту мардӣ омӯхтаме.

Самак, ҳар чӣ Ғӯр мегуфт, хизмат мекард, то Ғӯр гуфт:

— Эй паҳлавон, моро андешае афтодааст ва бе кифояти туву роҳ намудани ту рост намеояд.

Самак хизмат кард, гуфт:

— Бандаам ва аз ҷумлаи хизматгоронам. Ҳар чӣ аз ман ояд, мутоваат дорам.

Ғӯр гуфт:

— Эй паҳлавон, моро мушкиле афтодааст аз баҳри лашкаре, ки бар сари дара аст. Дувоздаҳ ҳазор мард аст, берун аз чаҳорпоёну занону кӯдакон, ва улуфаи думоҳа беш нест. Чандон зару ҷавоҳир ва аз ин гуна ҳар чанд ки бояд, ҳаст. Чора он аст, ки ту бо бародарони ман Кӯҳёру Кӯшҳёр ва чанд мардони паҳлавон ёр бошӣ, ки аз поёни ин дара роҳе ҳаст, ки ҳеҷ кас надонад, магар бародарони ман. Бояд ки бар он роҳ бирапед ва улуфа биҷёваред, ки кори ин лашкар пайдо нест. Агар пеш оянд, аз улуфа бознамонем.

Самак хизмат кард, гуфт:

— Эй паҳлавон, аз миёни ин лашкар тавонам овардан.

Ҳамагон фурӯ монданд, ки рост мегӯӣ? Самак сар дар пеш афканд. Замоне буд, сар баровард, гуфт:

— Эй паҳлавон, моро чорае ёд омад, ки агар сад наббат ба дара ояму биравам, касе манъ накунад. Маро сӣ ҳарвор бояд додан аз зару симу ҷавоҳир па машку ғайра. Он ҳама мол бар ман ки бар ту бозрасонам. Ва ба чорапу дастон¹ бар ин дара меояму меравам ва улуфа меоварам.

Ғӯр гуфт:

— Фармон турост. Чандон ки мол бояд, баргир.

Пас бифармуд, то сӣ ҳарвор зару ҷавоҳир ва ҷомаҳои алвону он чӣ ба кор ояд, рост карданд ва сӣ астар биёварданд ва дар зери бор кашиданд.

Самак бифармуд, то Хурмузи Келу Самуру Оташаку Ниёл бинни Санҷониву Сурҳварду Шаҳшому Саъди айёр — ва он ҳафт мард зиреҳи пиёдагонӣ дарпӯшиданд ва

1 Дастон — ҳила, макр.

пешина
аз 283
навбатӣ