Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
кабон намад болои зиреҳ дар бар карданд ва кулоҳи намад бар сар ниҳоданд ва чорукҳо дар пой карданд равон шуданд ва чӯбҳо дар даст.
Рӯзафзун ба Самак гуфт:
— Эй паҳлавон, маро дил дар дарбандӣ оҳанӣ аст.
Нахоҳам омадан, то роз аз ин банд бидонам.
Самак гуфт:
— Эй Рӯзафзун, на чанд навбат бо ту гуфтам, ки агар ин кор бар дасти мо равшан шудӣ, чун Сиёҳро баста будам, падидор овардаме. Ва ман тавонистамӣ кардан ва ин кор ба ҷуз аз Гӯри Кӯҳиву Шоҳон намедонам. Аз ишон ин кор ба даст ояд. Бархез то биравем, ки маслаҳат чунин аст ва ин кор ки ман сохтаам, бо ту рост меояд. Ту ин ҳавас аз дил берун кун, то вақти кор ояд, худ ошкоро гардад, ки ман беҳтар донам.
Рӯзафзун гуфт:
— Фармонбардорам.
Самак худро бар шакли бозаргоне баророст ва Рӯзафзун ҳам чунин бар аспон савор гаштанд ва паҳлавонон мадор кашиданду рӯй ба роҳ ниҳоданд, то аз дара берун рафтанд.
Гӯри Кӯҳӣ бо паҳлавонон аз кори Самакии айёр фурӯ монда буданд, ки чӣ гуна кор сохта буд.
Пас чун Самак бо дигарон дар канори лашкаргоҳи Дувоздаҳдара расиданд, талоии лашкар берун омаданд. Самак ӯроиро гуфт:
— Шумо мебошед, то ман бинигарам, ки амири талоии лашкар кадом аст.
Самак пеши талоя омад. Нигоҳ кард, амири талояро дид. Густоҳ пеши вай омад, нигоҳ мекард, чунон ки касе аз бозор ба сарой меравад.
Густоҳ бонг бар вай зад, гуфт:
— Кистӣ, ки чунин густоҳ меоӣ?
Самак овоз дод, гуфт:
— Бегона нестам. Манам бозаргони мӯътамади Дудхон аз Сиёҳдара. Амири талоя кистанд?
Ӯ гуфт:
— Манам Илок, талоя имрӯз марост.
Самак хизмат кард, гуфт:
— Эй паҳлавон, бандалару хизматгор.
Ин бигуфту бадрае зар аз инки баркушод, аз дувист динор, ва пеши Илок биинҳод. Гуфт:
— Эй паҳлавон, ман аз Сиёҳдараам ва марди бозаргон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо