Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҷой баргирифт ва бар он сӯроҳ сурх барбаст. Ва маро дар матмурае фурӯ бурд ва нону гӯшти нимпухта пеши ман биниҳоду ба боло баромад ва калид бардошт, то ин соат, ки маро биёварду ба дасти ту дод.
Самак гуфт:
— Эй хоҳар, ма туро гуфтам толиби ин кор мабош, ки ман ду навбат бар он сӯроҳ омадам ба талаби ту ва надонистам. Шукри яздон, ранҷе ба ҷон нарасид баъд аз он ки туро бихост хӯрдан. Агар туро бихӯрди, ман чӣ кардаме? Агар ҳазор сиёҳи чунин бикуштаме, ивази ту набудӣ. На туро гуфтам, то сиёҳро даст баста пеши ту овардам? Дидӣ, ки ман ӯро чун бардошта будам ва туро чӣ гуна берун овардам? На ҳама кас коре тавонад кардан.
Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавон, ту бо Шоҳон чӣ кардӣ?
Самак забон баркушод, аз он вақт, ки рафта буд ҳар чӣ воқеъ шуда буд, машруҳ гардонид. Рӯзафзун гуфт:
— Бар ту санову офарин бод.
Дигар бора гуфт:
— Эй паҳлавон, калид дорем, биравем ва ин дар бикушоем ва ин роз бидонем.
Самак гуфт:
— Эй хоҳар, ҳанӯз сер нагаштӣ ва аз кирдори сиёҳ андеша намекунӣ? Аз ин кор бипарҳез, ки ин коре зишт аст. Ранҷе пайдо шавад. Гӯр бар ин ҷо меояд. Мо биравем ва калид боз ҷои худ ниҳем ва гӯш ба кори Гӯри Кӯҳӣ медорем, то чун дар бикушояд, ин роз ошкоро шавад ва ба ҷуз чунин тадбир набояд кард. Ва ту фармон бар, ки макро низ ин ҳавас дар сар аст.
Рӯзафзун гуфт:
— Фармонбардорам.
Ин бигуфт ва ба мақоми хеш омаданд ва мебуланд, то субҳи содиқ аз кӯҳ нишона бинамуд ва олам нуронӣ шуд.
Аз пеши Гӯри Кӯҳӣ мард омад, ки Самак ранҷа шавад.
Магар коре сохтвем ва бе ҳузури ӯ рост намеояд.
Самак бархост, бо Ниёлу Сурхвард ва Оташаку Рӯзафзуну Шаҳшому ду бародарони қассос ва Саҳли аҳёр рӯй ба боргоҳи Гӯр ниҳоданд.
Гӯр ба пой бархост ва ӯро дар канор гирифту пеши худ бинишонид ва гуфт:
— Эй паҳлавон, мӯътарифам, ки дар машриқу мағриб

пешина
аз 283
навбатӣ