Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва ба бозаргонӣ мегардам. Ва ин ангуштари Дудхон аст, аз баҳри нишон ба ман дод, то аз касе маро заҳмат наёяд ва ба ҳар ҷой бадрака кунанд ва маро бигузаронанд. Ва агар маро бовар намедорӣ, мӯътамаде пеши Дудхон фирист ва ростин ман дар ин кавл бидон. Аз баҳри он ки вақте ду сипоҳ бад-ин сифат дар баробари якдигар бошанд, ҷой он ҳаст, ки ман эҳтиёт нигоҳ дорам.

Илок чун талоқатӣ¹ сухан гуфтани Самак бишунид, гуфт:
— Ин ангуштарӣ пеши ман раҳо кун, ки маро марде амин аст, то ангуштарӣ ба вай диҳам ва пеши Дудхон фиристам, то сидқи қавли ту бидонам.

Самак гуфт:
— Эй паҳлавон, ангуштарӣ чунин пеши мардум нафиристанд, бо табарруке бояд фиристод.

Илок гуфт:
— Боке нест. — Ангуштарӣ бардошт ва бо амине аз они худ супурд ва бо бародар бифиристод. Гуфт:
— Пеши Дудхон бирав, ки шахсе ин ангуштарӣ дорад ва мегӯяд, ки «Дудхон ин ангуштарӣ ба ман додааст, то ба ҳар ҷо ки бирасам, маро бадрака кунанд ва бигузаронанд». Ва ба хизмати ту фиристодем, ки марди мӯътамад аст ё не?

Ишон бирафтанд ва он ҳол бигуфтанд. Дудхонро аҷаб омад. Гуфт:
— Ӯро пеши ман фиристед, то ман ӯро бибинам.

Мард бозомад. Самак гуфт:
— Эй паҳлавон, ангуштарӣ чунин пеши кас набаранд.

Пас дувист динори зар ба вай дод, гуфт:
— Ин зару ангуштарӣ пеши Дудхон бар ва бигӯй, ки «дорандаи ин ангуштарӣ он бозаргон аст, ки туро шароб овард па ту ангуштарӣ ба вай додӣ, то бародари хешро аз дараи Гӯри Кӯҳӣ ба даст оварад. Мӯътамад ҳаст ё не?»

Он мард ангуштариву зар баргирифт, ба наздики Дудхон бурду бинниҳод ва хизмат кард. Пас гуфт:
— Эй паҳлавон, Илок мегӯяд ки «дорандаи ин ангуштарӣ он мард аст, ки шароб овард ва ту мӯҳр ба вай додӣ, то бародари худро аз дараи Гӯри Кӯҳӣ ба даст кунад. Амин ҳаст ё не?»

1 Талоқат — кушодазабонӣ.

пешина
аз 283
навбатӣ