Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дудхон зар дид бо ангуштарӣ, гуфт:
— Мӯътамад аст, даст пеши вай мадоред.
Мард биёмаду азҳол бозгуфт. Илок худ дар аҳволи зар шуда буд, бифармуд, то ишонро даргузаронанд.
Самак борҳо дар пеш кард, то пеши боргоҳи паҳлавони Дудхон расид. Борҳо бияфканд. Хурмузи Кел бо дигарон дар кори Самак бозмонда буданд ва бар вай офарин мекарданд. То Самак бархост, табаке зару ҷавоҳир кард ва нофаи мушку уду анбар ва шишае кофур ва тахте ҷома бар сар ниҳод ва бар дасти Рӯзафзун дод ва худ дар пеш афтод ва бар дари хаймаи Дудхон омад ва бор хост, ки хоҷибе даррафт ва бо Дудхон бигуфт.
Дудхон бифармуд, то ӯро дароварданд.
Самак чун даромад, хизмат кард ва он табак, ки дар даст дошт, биниҳод. Дудхон бархосту ӯро дар канор гирифт ва пеши худ бинишонд ва бинавохт ва аҳвол пурсид. Самак гуфт:
— Ба иқболи ту, эй паҳлавон, бародарро овардам.
Ин ҷавони бародари банда аст, ки дар хизмати паҳлавон истодааст. Ба қадре мол ҳанӯз дар дара мондааст. Акнун пеши паҳлавон омадам, то худовандӣ кунад ва бандаро иҷозат диҳад, ки чун ба Мочин расам, бо модару хоҳар биёям ва ин моли боқӣ бибарам, ҳеҷ кас даст пеши ман надорад.
Дудхон гуфт:
— Чун ангуштарин ман дорӣ, даҳ бор биёиву биравӣ, ҳеҷ манъе нест.
Самак хизмат кард ва бозгашт. Дудхон дар он мол нигоҳ кард ва мегуфт: «Ҳеҷ кас дар ҷаҳон аз ин мард бадилу заҳратар надидам ва бозаргони бад-ин саховат нодир бувад».
Пас, то шаб даромада буд, Самак бархост ва назди Дудхон омаду хизмат кард. Гуфт:
— Эй паҳлавон, банда азми рафтан дорад. Мабодо ки аз лашкари Арманшоҳ маро ранҷе намоянд.
Дудхон гуфт:
— Бош, ки фардо масоф аст, ки лашкари Фағфуру Хуршедшоҳ расидаанд ва бо қавме хоҳам рафтан ба тамошо ва шуморо низ бибарам, то аз лашкари Арманшоҳ низ бигузаред ва аз он ҷониб ӯҳда бар ман нест.
Самак бар вай офарин кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, аз он ҷониб медонам, ки бо лашкари Хуршедшоҳ чанд навбат рафтаам ба миёни ишон, ки

пешина
аз 283
навбатӣ