Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
агар ба масал яке ноне меситонад, Хуршедшоҳ ӯро сиёсат мекунад, агарчанд азиз бошад. Ман ин чанд навбат дидам.
Ин бигуфт ва аз пеши Дудхон берун омад.
Дудхон фармуда буд, то эшонро ҳар шаб улуфа медиҳанд. Самак хизматгорони Дудхонро, ҳар кас ки таом овардӣ, ба ҳар кас чизе додӣ ва узрҳо хостӣ ва эшон офарин мехондандӣ. Баъд аз он Самак дар он мақом мебуд. Ва Хурмузи Кел дар кори Самак бозмонда буд, гуфт:
— Эй паҳлавон, ин ҳама дониш аз кӣ ёд дорӣ? Ва бо ин ҳама зар беҳуда ба харҷ кардан чарост?
Самак бихандид, гуфт:
— Эй паҳлавон, ақлу дониш яздон медиҳад, то ба ғояте ки чун сухане аз ту бишнавам, маро панҷоҳ донишу корсозӣ дар дил ояду маълум гардонам. Ва агар касе коре кунад маро неку бад, маро сад кор аз он кушода шавад. Ва дигар, зар ба харҷ кардани бисёр: то зар ба харҷ накунӣ, муроди ту ҳосил нашавад, ки ту кор бисозӣ. Ва ҳар чӣ ба ҳама мардони олам барнатавонанд овард, ба зар барояд чунон ки писандида бошад, ки зар пошрави ҳамаи корҳост. Зар забонбанди ҳамаи ғамимозону муфсидон аст. Агар на зар будӣ, касе дар миёни ҷандин душман чӣ гуна тавонистӣ омадан? Агар ман сохтаме, ба ҳазор чун ман барнаёмадӣ. Ин зар ба харҷ кардан тамомати корҳо сохтааст.
Аз бисёрии ҳикояти зар, ки Самак бигуфт, аҷаб монданд. Ҳамгинон офарин карданд, то рӯз равшан шуд ва ҷаҳони торик мунаввар шуд. Ва лашкари дара ба ҷӯш омаданд ва дар мағзи оҳан пинҳон шуданд.
Дудхон кас фиристод, то Самак борҳо барниҳод ва бо вай ҳамроҳ шуд. Миқдори ҳазор савор аз хоссагиёни лашкар ва аз бонги караною бук 1 ва дуҳулу гавдум 2 ва ною кӯс зилзила дар ҷаҳон афтод ва саворон дар ҷӯш омаданд ва нақибон сафҳо рост бидоштанд.
Дудхон Самак дар пеш кард ва аз дасти чапи лашкари Арманшоҳ берун овард. Гуфт:
— Бирав ҳар ҷо ки хоҳӣ. Чун меоӣ, дигар ангуштарини ман дорӣ, наздики ман ой.
Ин бигуфт ва бозгашт. Самак гуфт:
1 Бук — навъе аз олати мусиқии нафисӣ, аз қабили карнай;
2 Гавдум — як навъи карнай;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо