Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй паҳлавон, офарин бар ту бод.
Пас дар миёни лашкар мерафт бо си астари ороста бо холҳолу дарроча1 овоза дар ҷаҳон афканда буд. Арманшоҳ рӯй ба Шаҳрони вазир кард, гуфт:
— Эй вазир, ин корвони кист, ки дар миёни ду лашкари азим мегузарад?
Шаҳрон гуфт:
— Ҳар чӣ ҳаст, аз онӣ куҳнёнака, ки аз дара бадар омаданд.
Кайкони ҷосус истода буд, гуфт:
— Эй шоҳ, банда биравад ва ин аҳвол боздонад, ки онҳо кистанд ва аз куҷо меоянд.
Арманшоҳ гуфт:
— Зуд бош.
Кайкон рӯй ба роҳ ниҳод, ба чора худро ба лашкаргоҳи Фағфуру Арманшоҳ афканд.
Аз он ҷониб Самак астарҳоро бар қалби лашкар мерояд, то наздик расид.
Ҳомони вазир тахт бар пушти фил ниҳода аз баҳри шоҳи Хуршедшоҳ, ки ногоҳ он астарҳо дид, ки биемаданд. Гуфт:
— Биннигаред, ки кистанд ва аз куҷо меоянд.
Фаррухрӯз бар дасти рости ӯ буд, пеш рафт ва хабар бозовард, ки Самаки айёр аст. Хуршедшоҳ чун бишунид, аз тахт ба зер омад ва пой ба асп даропарду пазираи Самак бозомад. Хост, ки пиёда гардад, ки Самак даромад ва рикоби ӯ бӯса дод. Ӯро савганд дод, ки шоҳи ҷаҳон пиёда нагардад. Шоҳ сари ӯ дар канор гирифт.
Бифармуд, то асп биёварданд, то Самак савор шуд ва аспҳо биёварданду паҳлавонон ба ҷумлагӣ савор шуданд. Паҳлавонону хоссагиёни сипоҳ ягон-ягон меомаданд ва Самакро дар канор мегирифтанд, то ба қалби лашкар омаданду биистоданд. Ва Фағфуршоҳу Ҳомони вазир аз пушти асп ба зер омаданд ва Самакро дар канор гирифтанд. Ва Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй паҳлавони Самак, чӣ ҳолат аст ва аз куҷо меоӣ?
Самак хизмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳ, аз дараи Гӯри Кӯҳӣ меоям бо ин мардон, ки дар банд буданд ва дигарон, ки гирифтор буданд — Сурҳварду Ниёл бинни Санҷонӣ ва Хурмузӣ Кел ва Самур ва ду бародарони кассоб ва Оташак ва Садлӣ айёр
1 Халҳолу дарроча — ҷамъаи ду қуббачаҳо, зангӯлачаҳо, асбоби зинат

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо