Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва Шахшом, ки дар дара бо нишон афтода буд. Ва борҳои зару ҷавоҳир ва ҷомаву мушку анбару уд ва ғайра.

Шоҳ гуфт:
— Аз миёни чандин ҳазор душман чӣ гуна берун омадӣ, ки кас шуморо нашинохт ва бар асрори шумо мутаҳҳил ё муталеъ (муталеъ -> мутталеъ) мутталеъ нашуд? Азим корест. Шукри яздон, ки шуморо ранҷе нарасид.

Самаки айёр гуфт:
— Эй шоҳ, ба иқболи ту кор рост меояд, ки ман чунон сохтаам, ки агар сад навбат биёяму биравам, кас мутталеъ набошад.

Аз қазо Кайкони ҷосус расида буд ва дар қалби лашкар истода буд. Он аҳвол маълум кард. Рӯй ба роҳ ниҳод, то пеши Арманшоҳ расид. Кулоҳ бар замин зад, гуфт:
— Эй шоҳ, азим дар корҳо ғофилӣ! Корвон аз дараи Гӯри Кӯҳӣ буданд ва Самаки айёр буду ҳамаи бандиён ва он ким, ки дар қалъаи Ғазбон буданд бо он ки дар масоф гирифтор буданд ва бо қавме дигар, молу ҷавоҳиру вар оварда буданд. Дар миёни чандин ҳазор савор гузаштанд. Ба назди Фафгуру Хуршедшоҳ рафтанд ва ҳеҷ касро он аҳвол маълум нашуд. Ин лашкар аз баҳри чӣ он сари дара нигоҳ медоранд?

Арманшоҳ чун бишунид, барошуфт ва рӯй ба Ғотуш кард, ки пеши ӯ истода буд. Гуфт:
— Чӣ ҳолат аст, эй Ғотуш? Чандин ҳазор мард бар сари дараву ишон чун гузаштанд? Ин ҳама заҳмат, ки мехӯрем, аз ҷиҳати ӯст. Намедонам, ки чӣ гуна аст.

Ғотуш гуфт:
— Эй шоҳ, бист ҳазор савор бар сари дара будем, меомаду бандиёнро мебурд ва бозмегашт. Шунидам, ки чанд навбат дар боргоҳ пеши тахти ту омад ва корҳо мекард. Ва бо ин ҳама ҳеҷ кас бо Самак барнаёяд. Макре кардааст ва талбисе сохтаву берун омада.

Арманшоҳ рӯй ба Шаҳрон кард, гуфт:
— Аз дасти ишон чӣ чора кунем, ки ин Самак мардонӣ оламро забун кардааст ва ҳеҷ касро ба мард намедорад.

Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, тадбир чист? Бисёр аз ҳар гуна, чунон ки медонӣ, бо ӯ кӯшидем ва бо ӯ панҷа дарафкандем. Ӯ зиёдат омад ва бо ӯ басанда наёмадем. Бошад ки яздон ӯро гирифтор гардонад.

пешина
аз 283
навбатӣ