Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
То ин ҳолҳо рафта буд, нақибони сафи лашкарро рост медоштанд ва мунодӣ мезаданд, ки:
— Кӣст ки имрӯз майдондорӣ кунад?
Ки Хуршедшоҳ бифармуд, ки:
— Имрӯз дер гоҳ аст. Ба хуррамӣ, ки Самак расидааст, масоф накунем.
Дарҳои табли ошӣ бизаданд ва лашкар бозгаштанд.
Арманшоҳ низ дилтанг шуд ва бозгашт. Ҳар ду сипоҳ рӯй ба осоиш ниҳоданд ва талоягон берун фиристоданд.
Ва дар боргоҳи Арманшоҳ сухан аз кирдори Самак мерафту дар боргоҳи Хуршедшоҳ бо хуррамӣву ишқот Самак аҳволи худ бозмегуфт. Ҳамгинон офарин мекарданд.
Ба шароб хӯрдан машғул шуданд, то шаб даромад, ҳар кас ба ҷойгоҳи хеш рафтанд ва бесуданд. То он соат, ки чатри хуршед аз кӯҳ баромад ва алами рӯз барафрохтанд ва субҳ аз паси кӯҳ забона барзад, ки овози кӯси ҳарбӣ аз боргоҳи Фарфурӯ Хуршедшоҳ баромад.
Сипоҳ бо соз рӯй ба майдон ниҳоданд. Аз он ҷониб Арманшоҳ бо лашкар ба майдон омаданд. Ва аз ҳар ду ҷониб саф баркашиданд. Майманаву майсара ба қалбу ҷаноҳ рост бидоштанд. Нақибон биёмӯзандду мунодӣ карданд, ки:
— Имрӯз кӣст, ки дар майдон равад ва мардии худ зоҳир кунад?
Ки аз лашкари Хуршедшоҳ Фаррухрӯз пеши Хуршедшоҳ омаду хизмат кард. Гуфт:
— Эй бузургвор шоҳзода ва эй бародари азиз, он ҷуноме ки банда ба ҳар кор пешравӣ дорад ва ин дастурӣ аз шоҳзода афтодааст ва ин кирон1 он рӯз афтод, ки аз Ҳалаб аз хизмати Марзбоншоҳ берун омадем, ки ба ҳар чӣ шоҳзодаро пеш ояд аз хайру аз шар ва аз шодиву аз ғам, мани банда пешрав бошам ва ҷон бар сар дорам.
Муддате шуд, то ҳеҷ хизмат накардам.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй рӯшноии чашми ман, бош то лашкар дар майдон равад ва ҷони худ моро фидо кунанд. Ва он чӣ бар ту буд, кардӣ. Вақти роҳат аст. Ва аз ранҷи ту метарасам, ки агар ман бо лашкар нест шавам, дӯсттар дорам ки як тора мӯй аз сари ту кам шавад. Набояд ки хатои афтад, ки мо бад-он ранҷурдил шавем, ки дӯш саҳаргоҳ ҷобе дилзам ва аз он меҳаросам.
- Кирон — ш. чӣ маънии саодат, пуштибонӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо