Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй бародари азиз ва эй фахри подшоҳон, бигӯй, то чӣ дидӣ?
Гуфт:
— Эй бародар, ба хоб дидам, ки ман дар гирдобе афтода будам бо асп ва асп маро мегардонид. Ту биёмадиву инони аспи ман бигирифтӣ ва маро берун овардӣ. Ҳар ду истода будем, бо ҳам сухан мегуфтем, ки ногоҳ укобе биёмаду кулоҳ аз сари ту баргирифт ва бар ҳаво шуд. Аз ин метарсам.
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй шоҳ, ин нишон фирок аст, ки ту медиҳӣ ва ман пеши марг бозмешӯвам. Ё маро кушанд ё берун оваранд. Умедворам, ки ба саодати шоҳзода ҷуз некӣ нахоҳад будан ва ба коми дил ба дидори подшоҳ бирасам. Ва агар, наъузу биллаҳ, тақдири яздон бошад, ки маро қазо расида бошад, бадруд бош, ки кори олам чунон аст. Ҳаргиз касе намонад. Иншоаллоҳ ту ба коми дил бирасӣ. Маро ёд медорӣ ва чун ба саодат ба ватан бозрасӣ, дар боргоҳи олии Марзбоншоҳ аз ман салом бирасон. Ва модарамро ту панд диҳӣ ва хоҳарамро офарин кунӣ.
Ин сухан мегуфт, Хуршедшоҳ мегирист.
Субҳоналлоҳ! Чун фирок хоҳад буд, гумон дар дил афтаду забон ба гуфтор ояд ва аҳволи марг аз бисёрии ранҷ гуфта мешавад.
Фаррухрӯз гуфт:
— Албатта дар майдон хоҳам рафт.
Ва Хуршедшоҳ дар дил мегуфт: «Ин чӣ ниҳеб аст, ки ба дили ман мерасад? Надонам чӣ гуна хоҳад буд». Фаррухрӯзу Хуршедшоҳ мегиристанд. Фаррухрӯз муболиға мекард, то Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй бародари азизтар аз ҷон, бирав ки-т яздон ёр бод ва бар душман музаффар гардӣ. Агарчи намехоҳам биравӣ, аммо аз баҳри дили ту. Бошад ки, иншоаллоҳ, ба якдигар бозрасем.
Аҷаб корест дарди ҷудоӣ, ки пеш аз фирок ба ҳам мерасад ва ҷон аз ҷудоӣ хаста мегардад...
Хуршедшоҳ бо равоне шӯридаву ҷигаре сӯзон раҳо кард, то асп дар майдон ҷаҳонид. Асбе ба кирдори пиле — товдор, майдонӣ; аспе фарбеҳсурин, зиргомболо, зарофагардан, хуршедрӯй, беором, чунон ки дар вақти наъл задан шакли ӯ банди қабо тамом будӣ, вақти ҷав додан каманд дастон бибурид ва дар ҷавлон бигиридӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо