Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва бо юз чирагӣ кардӣ... ва чун нахчир кӯҳ бибуридӣ ва чун баҳои биёбон наваштӣ ва чун самандар аз оташ бигузаштӣ. Бо чунин ороста асбе бо сохти гаронбаҳо, бо зини зар ва рикоби ӯ симкӯфт ва дасторча... дар гардани асб мӯҳкам карда. Фаррухрӯз дар болои асп чун зиндапиле, чавшане ғайбан 1 нохунакӣ пӯшида ва бандҳо мӯҳкам карда ва худе зарингӯри одиқдор бар сар ниҳода ва камаре мурассаъ ба ҷавоҳир бар миён баста ва таркашу қурбон 2 ва кеше 3 пурнадӣт бар миён баста ва сипаре бо тазор мехи оҳанӣ ҳам бар миён баста ва каманде ба фитроки асб мӯҳкам карда ва амуде ба қарбус 4 фурӯ гузошта ва пайзае чун сутуне бар дӯш гирифта ва бар гӯши асб рост карда; ва баъ ин оростагиву чолокӣ дар майдон омад асп дарчавлон афканда. Асбаш сум бар санг мезаду сурма мекард ва аз сурма ҳаворо парда мебаст. То соате чавлон кард ва даъб намуд, ҳама рӯи майдон ғубор гирифта. Бидошт, то гард сокин шуд.
Пас баробари қалби Арманшоҳ омад ва худ аз сар баргирифту бар кӯҳан зин ниҳод ва гуфт:
— Ҳар кӣ маро донад, донад, ва агар на, донад, манам Фаррухрӯз, бандаи Хуршедшоҳ — подшоҳи машриқу мағриб. Ҳар киро паймонаи умр пур гашт ва бахт аз ӯ рамид ва аз бахти худ сер омад ва ба тарки ҷони ширин гуфт, бигӯй то дар майдон ояд ва захми ҷоншикофи найзаи мардон бибинад ва зарби хунхори теғи мардон биёзмояд.
Аз ин маънӣ мегуфт. Арманшоҳ дар паҳлавонон нигоҳ мекард. Гуфт:
— Эй паҳлавонон, кист ки дар майдон равад ва ҷавоби ин озодмард боздиҳад ва он чи сазои ӯст, дар канори вай ниҳад?
Кубоди паҳлавон дар пеши Арманшоҳ хизмат кард, гуфт:
— Эй шоҳ, банда дар майдон меравад, ва чун мардон гарди ӯ бозхоҳад. Агар иқбол ёри кунад, душмани шоҳ баста орам.
Арманшоҳ бар вай офарин кард. Кубоди паҳлавон рӯй дар майдон ниҳод бар асбе абраш 5 нишаста — хурдгӯш, зарофагардан, гавҳардида, киштӣниҳод, дарёгуюр.

1 Ғайба — парчаҳои оҳан, ки бар ҷавшан кунанд.
2 Қурбон — камондан;
3 Кеше — тирдон.
4 Қарбус — қоши зин.
5 Абраш — аспи тайгу тангни зода.

пешина
аз 283
навбатӣ