Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
бодрафтор, хушъинон, кашхиром, барқҳазар, раъдқадр — бар чунин асбе савор гашта ва баргустувони филакӣ дарафканда ва зине фарангӣ ниҳода ва камоне хоразмӣ дар бар афканда ва гурзе дар камар, ёздаҳ тири ёздаҳмуштӣ дар камар фурӯ бурда ва каманд ҳамафкандаву бар фитрок барбаста. Бар ин гуна Қубод дар майдон омад. Бонг бар Фаррухрӯз зад. Гуфт:
— Чист ин ҳама шаторат намудану уштулум кардан?
Магар дар ҷаҳон мардон надидай ва ба қуввату шуҷоати худ мағрурӣ?
Ҳар ду лашкар дар ишон назора мекарданд, ки Фаррухрӯз бонг бар Қубод зад. Ҳардувон найза бар найзаи якдигар афканданд. Соате Қубод зӯр мекард, соате Фаррухрӯз гарм мешуд. Найза бар синаи Қубод рост кард, то бизанд. Фаррухрӯз найзаро ҳам дод, аз пушти асб Қубод бар замин зад. Хурӯш [аз лашкари Хуршедшоҳ] ва зорӣ аз лашкари Арманшоҳ баромад. Фаррухрӯз дар майдон мегашт ва мард мехост, то саворе дар майдон омад номи ӯ Қоран, хоҳарзодаи Қубод. Бонг бар Фаррухрӯз зад, гуфт:
— Эй фурӯмоя, паҳлавоне куштӣ, ки беҳ буд аз ту на чун сад ҳазор аз шоҳи ту.
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй бечора, ғами хеш хӯр, ки ҳам акнун туро ба наздики вай фиристам.
Ин бигуфт ва найза аз ҷой бардошт ва ба Қоран даромад на найза бар даҳони Қоран зад чунон ки оташ аз пай берун шуд ва бияфтод. Дигаре меомад за меафканд, то чиҳил марди паҳлавон бар дасти вай кушта шуд. Ҳам чунон назора мезад ва мард мехост, ки ногоҳ аз дасти рости лашкари Арманшоҳ Сиёҳабр асб дар майдон давонид, бар асбе саманд савор гашта — асбе шерқувват, палангҳиммат, гӯрсурнӣ, гавазнсок, рангпӯз1, пилгом, дароздум... хурӯшанда, ҷӯшанда, шитобанда... чунон ки шоир гӯяд:
Бора 2 ҳаминшони кӯҳи баланд Годи рафтор ҳамчу буд даванд.
Сафдари хушъинон, роҳнамоӣ, Зираку роҳҷӯю одамқоӣ.
Хайкалаҳ кӯҳ буду рафтан бод, Наъраш аз раъд буду сум пӯлод Ҳар кӣ он асбро ҳаменигарид, Бар замин дасту пои асб надид.
1 Рангпӯз — бузи кӯҳӣ, гови даштӣ; 2 Бора — аспи тезрафтор;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо