Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Чунин асбе ороста ба сохти зебову баргустувони румӣ ва рикобҳои сим, ба устоди санъат дар баргустувон ба кор бурда. Сиёҳабр аз болои асб зиреҳе музаррад пӯшида ва ҳафтоне болои он дароварда ва хӯли одӣ бар сар ниҳода ва камаре бар миён баста, каҷар ба тири ҳаданг ороста ва камоне дарафканда ва теғе алмосгун ҳамоил карда ва соидайн барбаста ва найза чун устун, сари найза дар дасту буни найза бар замини кашон карда, ҷинтобому навразашон пеши Фаррухрӯз омад ва бонги ҳайбат бар ӯ зад. Фаррухрӯз дар кадду боло ва ёлу ахполи Сиёҳабр нигоҳ мекард. Ниҳебе ба дили вай расид ва ҳаросе дар вай пайдо шуд. Гуфт:
Бад-он маъбуд каш мепарастӣ, ки номи ту чист,
ки ман марде ба мардиву чобукӣ ва чолокии ту надидам?
Сиёҳабр гуфт:
— Эй Фаррухрӯз, номи мардон бар сари теғи мардон бошад, аммо чун номи ман пурсидӣ, Сиёҳабр аст аз биёбони Хурҷон.
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй паҳлавон, на ту онӣ ки ба расми омада будӣ?
Гуфт:
— Бале.
Фаррухрӯз гуфт:
Шуморо ҳамият нест. Бигӯ, то Хуршедшоҳ бо шумо номардон чӣ бад кардааст ва аз вай чӣ кина дар дил доред, ки шамшер дар рӯи вай мекашед? Агар мардӣ доред, ҷавоби Сурхи Кофар бодиҳед, ки аз вилояти шумост. Ба марди мо ӯро ба тоғ овардем, аз бедаминтие, ки дар вай буд, аз шумову мо осӣ шуд. Духтари шумову модар, Дурдона ва Дилоромро бурдааст ва молару дигаронро кушта. Духтар дорад. Шуморо бо ӯ ҷанг мебояд кардан ва кина аз вай мебояд хостан. Чаро ба ҷанги мо меоед? Аммо чун шоҳи шумо ғам аз ин рӯ фарзанд надорад, аз шумо таманнеки нашонд дошта, ки чун шоҳи шуморо ҳамият нест, шуморо низ набояд аз Шояд, ки хона ба худованд монаду ҳама чист. Чуи коло ба худованд намонад, дуздида бошад. Хизматгор бист, ки чун худовандгор бошад. Ҳама бо ҳам салост.
Сиёҳабр чун ин суханҳо бишунид, лари бар андоми
вай афтод. Гуфт:
— Эй Фаррухрӯз, ҳама рост гуфтӣ. Аммо чун аз кори шумо бохабар шудем, тадбири Сурхи Кофар кунем
1 Музаррад -- орехтун

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо