Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ин бигуфтанд ва найза бар найзан якдигар афканданд ва кӯшиданд, то Фаррухрӯз найза биронд, ки бар синаи Сиёҳабр занад. Дарак дар паси пушт дошт, дар миёни дараки Сиёҳабр омад ва Сиёҳабрро газанд нарасид ва Фаррухрӯзро найза бишикаст ва ҳиҷил шуд. Даст бизад ва шамшери алмосгун аз ниём баркашид ва ба Сиёҳабр даромад, то ӯро теғ занад. Сиёҳабр худро бозгирифт. Шамшер бар гардани аспи Сиёҳабр омад, сари асп бияндохт. Сиёҳабр аз пушти асп ҷудо монд. Ҳанӯз бар замин наёмада буд, ки теғ баркашиду бизад ва ҳар ду дасти аспи Фаррухрӯз бияндохт. Ва теғ дар дасти ишон бишикаст аз бисёри, ки бар ҳам заданд. Ногоҳ Сиёҳабр даромаду камарбанди Фаррухрӯз бигирифт. Фаррухрӯз низ аз [они] вай бигирифт. Бар ҳамдигар қувват карданд. Лекин қуввати Сиёҳабр бештар омад, Фаррухрӯз аз пой даромад. Ҳанӯз бар замин наёмада буд, ки аз ҳар ду ҷониб лашкар дар майдон омаданд.
Иттифоқи эзидӣ ва қазои осмонӣ чунон буд, ки лашкари Арманшоҳ пештар бирасиданд. Фаррухрӯзро бигирифтанд ва барбастанд ва наздики Арманшоҳ бурданд. Ва лашкар дар ҳам афтоданд ва чандон аз якдигар бикуштанд, ки андоза набуд; ва селоби хун биронданд.
Хуршедшоҳ аз баҳри Фаррухрӯз дилтанг буд. Бифармуд то табли осоиш бизаданд ва лашкар бозгаштанд. Хуршедшоҳ мард фиристод, ки аҳволи Фаррухрӯз бидонад. Чун мард бирасид, Арманшоҳ бифармуд, ки Фаррухрӯзро гардан бизананд ҳамон ҷо.
Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, зинҳор ки бародари Хуршедшоҳ аст, ки моро бо ишон ҳеҷ хун наяфтодааст ва ин ҳама фитна дар ҷаҳон афтода. Агар имрӯз Фаррухрӯзро бикушем, надонам саранҷоми ин чун бошад ва бо ишон чӣ гуна бароем. Агар чи аз хонумон баромадаем, бим бошад, ки хонумон биравад. Ва дигар, Самак зинда аст, ки ҳамаи қалъаҳо дар дасти ӯ кушода аст ва мардумонро зинда чунон мебарад, ки шунидӣ ва дидӣ, ки корҳо мекунад, ки оламс бо вай барнамсояд.
Шаҳрони вазир аз ин маъни сухан мегуфт. Қизилмалик истода буд, бонг бар Шаҳрони вазир зад. Гуфт:
— Эй фартути беакли бетадбири бедониш, агар ин ҳама мардумро, ки мегирифтем, мекуштем, ин соат ишон дилшикаста буданд ва чунин бо мо чира нашудандӣ ва даст наёфтандӣ. Ҳар ки мо бигирем, ту гӯӣ ишонро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо