Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

банд баркашид, ки паҳлавонон ва ҷунки куканд) чунин созанд? Эй фурӯмояи беақл!
Вазир гуфт:
— Эй шоҳзода, ту ҷавонӣ ва кори ҷаҳон надодаӣ ва Хуршедшоҳ кӯчак марде нест, на ба гуфтори ман ки ҳама ҷаҳониён медонанд. Он чӣ ман мегӯям, аз баҳри маслиҳати шумо мегӯяму подшоҳӣ, ки зиён дорад.
Қизилмалик тира шуд. Гуфт:
— Эй пири нодон, ба ин тадбирҳо меросӣ, ки мулки падари ман барбод ояд? — Шамшер баркашид ва ба Шаҳрони вазир даромад ва Шаҳрон худро аз асб ба зер андохт. Шамшер бар асб омад, асб ба ду ним шуд. Қизилмалик ҳамчунон теғ бар даст буд, бизаду сари Фаррухрӯз аз тан биандохт. Ва он ҳол сипоҳи Хуршедшоҳ медиданд, ки чашм ниҳода буданд.
Хуршедшоҳ истода буд ва назора мекард, то Фаррухрӯзро хоҳанд бурдан ё не, ки ногоҳ Қизилмаликро дид, ки теғ бизаду сари Фаррухрӯзро биандохт. Хуршедшоҳ оҳе баркашид ва худро аз асб ба зер андохт ва хурӯш бароварду ҷома бидарид ва хок бар сар кард. Фатфур тоҷ аз сар биниҳод. Ҳомони вазир бо ҷумлаи паҳлавонон ҷома бидариданд ва хок бар сар рехтанд. Шағоли Пилзӯру Самак ва ҷумлаи айрон ҷома бидариданд. То Фарфур Ҳомони вазир бозуи Хуршедшоҳ бигирифтанд ва ҷумлаи сипоҳ пиёда ба боргоҳ омаданд. Ва Хуршедшоҳ дар хокистар бинишаст, дар соате фарёд мекард. Мегуфт: «Эй бародари азизи меҳрубон ва эй нури дида, бар ман ҳаром аст .»1

Аз он ҷониб Шаҳрони вазир ба хона рафт ва кас наги Арманшоҳ фиристод, ки бигӯяд, чун ақл надорам ва саргаштаву нодон шудам, аз ман ҳеҷ хидмат наёяд. Шоҳ маро маоф дорад. То дар гӯшае бинишиннам ва ба ибодат машғул гардам ва дуо бар ҷони шоҳу дӯстон мекунам, ки ҳар кор аз баҳри ҳурмат бояд каман. Чун хурмат рафт, чу тки ҷаҳон ҳеҷ наярад.
Мард чун биёмаду бо Арманшоҳ бигуфт, Арманшоҳ донист, ки аз Қизилмалик ранҷидааст рӯй ба Қизилмалик кард ва гуфт:
Бирав ба ҳайман Шаҳрони вазир ва ӯро муринит куну ӯр доҳ ва ба борғоҷ овар.
Қизилмалик ба фармони шоҳ ба ҳайман Шаҳрони

пешина
аз 283
навбатӣ