Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
вазир шуд. Салом кард. Шаҳрон бархост ва ӯро ба ҷони худ бинишонд. Қизилмалик гуфт:
— Эй Шаҳрон, ба узр омадаам, ки имрӯз хатое аз ман ба вуҷуд омадааст. Ва губоре ба хотири ту нишастааст. Кори ҷавонони ту худ донӣ. Беш аз ин нахоҳам гуфтан. Ҷавонӣ бар ман мусаллит 1 буду Фаррухрӯзро аҷал расида буд. На нек рафт. Акнун ба узри хизмат омадаам. Бархез, то ба боргоҳ равем, ки шоҳ интизор мекунад.
Бархост ва Шаҳрони вазирро дар канор гирифт. Вазир бар вай офарин кард. Пас ҳар ду ба боргоҳ омаданд.
Шаҳрони вазир хизмат кард. Шоҳ гуфт:
— Эй Шаҳрон, аз мо дурӣ меҷӯӣ?
Шаҳрон гуфт:
— Эй шоҳ, Қизилмалик фармуд. Аммо аз рафта сухан намегӯем ва ба қавли шоҳзода кор кунем.
Ин бигуфтанд ва ба ҳар хизмате машғул шуданд. Пас замоне буданд. Хон биёварданд. Нон бихӯрданд. Чунин аз нон хӯрдан фориғ шуданд, Сиёхабр гуфт:
— Эй шоҳ, он чӣ ман дирӯз аз Фаррухрӯз шунидам, ҳаргиз фаромӯш накунам ва ҳамчунин маро дил дард мекунад аз таънаи забон ки маро зад аз ҷиҳати Сурхи Кофар. Ҳақ ба дасти вай аст. Пас он чӣ Фаррухрӯз гуфт моро ғайрат нест, рост гуфт:
Шоҳ гуфт:
— Эй Сиёхабр, на ту мард фиристода будӣ? Акнун ду ҳафта гузашт, ки кас наёмад.
Сиёхабр хизмат кард, гуфт:
— Эй шоҳ, мард омад, лекин аҳвол бо шоҳ наёрастам гуфтан.
Шоҳ гуфт:
— Аҳвол чист?
Сиёхабр гуфт:
— Эй шоҳ, Сурхи Кофар аз биёбони Хурҷон берун рафтааст, магар андеша кардааст, ки дараи Кӯҳи Сиёҳ ҷои муҳкам аст ва даҳ осиё дар он ниҳодааст. Лашкари ҷаҳон бо он дара ҳеҷ даст надоранд. Чунон намуданд, ки шаш осиё аз дасти эшон ситодааст, ки ҳар кӣ меравад, ӯро мекушад ва ғалла меистонад. Мардуми биёбон чун хоҳанд, ки ғалла хурд кунанд, панҷоҳ мард бо эшон бираванд, то он харвор ба орд тавонанд кардан, аз бими Сурхи Кофар.
1 Мусаллит — ғолиб, зӯр.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо