Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хомони вазир гуфт:
— Эй бародар. Хурмузи Кел дар дасти ишон аст.
Шоҳ бифармуд, то кӯси ҳарби фурӯ кӯфтанд.
Шоҳи Хуршедшоҳ бо нишоту хуррамӣ бо паҳлавонон қарор мегаштанд ва дар майдон мешуданд, то овози кӯси ҳарбӣ ба гӯши Арманшоҳ расид. Бо паҳлавонон дар боргоҳ буд. Гуфт: «Чӣ мебошад, ки овози кӯс аз лашкаргоҳ меояд? Ишонро дирӯз таъзият буд, имрӯз нишот мекунанд? Магар аз баҳри шоҳ ҷанг хоҳанд карданд?» — Бифармуд, то сипоҳи ӯ низ азми майдон карданд.
Чуун аз ҳар ду ҷониб сипоҳ рӯй дар майдон ниҳоданд, макибони лашкар сафҳо рост карданд.
Аввал касе, ки аз лашкари Хуршедшоҳ дар майдон шуд, Хуршедшоҳ буд, бар аспе бодпой барнишаста ва силоҳи шодӣ пӯшида. Замоне чавлон кард ва лаъб намуд, ки Самаки айёр аз паси вай даромад, дасти Тайрок дар пас баста ва полханг дар гардан карда, дар пеши шоҳ омад, дар баробари қалби лашкари Арманшоҳ бидошт.
Арманшоҳ бо Кизилмалику Шаҳрони вазир ва паҳлавонон мегуфт:
— Ин савор ба Хуршедшоҳ мемонад. Он банди кист?
Яке гуфт:
— Тайрок мемонад.
Гуфтанд:
— Ин чӣ гуна тавонад будан?
Ҳамаро зӯр аз дасту пой бирафт ва аҷаб бозмонданд.
Дами ишон фурӯ баста буд. Ҳеҷ кас ҳаракат наметавонист кардан, то Самак овоз дод, ки:
— Эй сипоҳи Мочин ва эй паҳлавонони шабрав, ҳар кӣ маро донед ва ҳар кӣ надонед, манам Самаки айёр ва ин савор, ки истодааст, шоҳзодаи Ҳалаб аст — Хуршедшоҳ, домоди шоҳи Фағфур — подшоҳи Чин. Шумо ӯро бидуздидед бо Маҳпарӣ, ки ба қалъаи Дувоздаҳдара баред. Ранҷи шумо низ батар буд. Ман ӯро овардам ва аҳвол бидонед, ки ман чӣ кардам. Хурмузи Кел дар банди шумост, ӯро бозфиристед, то ман Тайрокро бозфиристам ва аҳвол аз вай бипурсед, то бидонед, ки чӣ гуна корҳо месозанд.
Чуун Арманшоҳ он аҳвол бишунид, бар худ биларзид.
Бифармуд, то табли осоиш бизаданд. Гуфт: «Имрӯз ҷанг нашояд кардан».
Пас ҳар ду лашкар бозгаштанд

пешина
аз 283
навбатӣ