Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Хуршедшоҳ ба боргоҳ даромад ва бар тахт нишаст ва умарони давлат ҳозир омаданд ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Аз он ҷониб Арманшоҳ дилтанг ба боргоҳ омад. Бифармуд, то Хурмузи Келро биёварданд ва ӯро хилъат доданду бифиристоданд.
Хурмузи Келро биёварданд пеши Хуршедшоҳ. Хизмат кард. Шоҳ ӯро бинвохту гиромӣ кард ва аз ранҷи банд бипурсид. Хурмузи Кел гуфт:
— Эй шоҳ, ба иқболи ту ҳама ба саломат мегузарад.
Самак гуфт, то дарҳол Тайрокро бикшоданд ва бозфиристод. Он гоҳ Самак дар пеши Хуршедшоҳ гуфт:
— Яздон кори ту рост меоварад, сабаб он ки ман дар шаҳр будам ва агар на, душвор афтода буд. Акнун дар кор бедору ҳушёр бош, ки ҳар бор сабӯй аз об дуруст наяяд ва дар ин маънӣ ду байт гуфтаанд:
Сад бор бигуфтам, эй нигори хушхӯй,
Санг аст лаби ҷӯю нигаҳ дор сабӯй.
Бисёр сабӯе, ки баранд бар лаби ҷӯй,
Гирён ояд зи ҷӯю бишкаста сабӯй.
— Эй шоҳ, дар мулк бо рою тадбир бояд буд. Акнун ту тартиби лашкар месоз, ки ман ба шаҳр меравам ба талаби Оташаку Сурхвард ва Ниёли Санҷонӣ ва ду бародарони қассоб ва он кас, ки ин кор кардааст. Агар бозоям, дар хизмат бошам ва агар на, бидруд бош.
Шағоли Пилзӯр низ бар канори тахт нишаста буд, гуфт:
— Эй устод, бадруд бош, ки ман низ рафтам ва дар дами аждаҳо меравам. Зинҳор, то маро фаромӯш накунӣ, ки нек шогирде будам. Туро зинҳор медиҳам, ки аз Хуршедшоҳ барнагардӣ ва ҳаққи ӯ ба ҷой оварӣ, ки нек подшоҳест. — Ин бигуфт ва ҳамаро дар канор гирифт ва Фаррухрӯзро гуфт: — Эй ҷавонмард ва эй фахри оламиён, зинҳор хушёрқу бедор бош, ки Хуршедшоҳ бо зан пайваст ва шабу рӯз бо Маҳпарӣ бошад, ки кори мард чунин афтодааст. То ки зан надидааст, бо худ бошад, чун ба зан расад, аз пас ёд наҷварад ва аз худ хабар надорад, хосса подшоҳу ҷавон ва кори подшоҳӣ ба сустӣ барнаяяд. Агарчи Ҳомони вазир оқили ҷаҳону дастури 2 замон аст, тартиби шоҳӣ ва кори раият рост медорад, аммо кори майдондорӣ дигар аст.
1 Сабӯй — кӯза.
2 Дастур — вазир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё