Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ин бигуфт ва камаро бадруд кард ва рӯй ба шаҳр никуду бирафт.
Аз он ҷониб Тайрок пеши Арманшоҳ омад ва хизмат кард. Бро бинавохт ва пеши худ бинишонду аҳвол бипурсид. Тайрок забон баркушод ва гуфт:
— Эй шоҳ, чун банда ба шаҳр рафт, дар боргоҳи шоҳӣ мебуд, то ки шаб дарояд, биравам, ки ногоҳ лоло Анбар омад ва гуфт: « — Аз ҳуҷраи хоси шоҳ бар ту сухане доранд». Агарчи беадабӣ буд он густохӣ кардан ва ба сарои занон рафтан, аммо чун ходими хос буд, нӯфармонӣ наметавонист кардан. Пас бархостам ва бо ходим дар паси парда рафтам. Ҳанӯз қадам наниҳода будам, ки маро барбастанд Самаку ду-се каси дигар.
Пас ҳадиси хилват сохтани ишон ва берун овардаин зани шоҳу духтар, чунон ки буд, ҳама ба шаҳр бигуфт.
Арманшоҳ чун бишнид, фарёд баровард ва тоҷ аз сар бияндохт. Қизилмалик ҷома бидарид ва зорӣ оғоз кард. Пас даст бизаду дашна баркашид, то худро ҳалок кунад. Шаҳрони вазир дасти ӯ бигирифт.
Гуфт:
— Эй шоҳзода, акнун чӣ суд дорад, агар ту хештан бикушӣ? Кор аз даст рафт. Ин кор ба чора барояд.
Хотуру Қонун ва Кофур истода буданд, дилтангӯ ғамнок шуда дареғ мехӯрданд, ки «соре ба даҳ рӯз кардем, ба як соат барбод омад». Қонун гуфт:
— Эй шоҳ, дареғ бар он мехӯрам, ки ман Самакро намешиносам ва ӯро надидаам ва агар на, ӯро ба чора ба даст овардаме, ки ин ҳама фитна аз вай аст.
Ин сухан мегуфт, ки он панҷоҳ савор аз шаҳр расиданд, ки бо Тайрок рафта буданд, то Хуршедшоҳу Маҳпариро ба қалъа баранд. Чун ба боргоҳ омаданд, Тайрокро диданд дар пеши шоҳ нишаста. Гуфтанд:
— Эй шоҳ, мо ӯро аз сарои шоҳ талаб мекардем, ки лоло Анбар варо бибурд, то канизакон моро гуфтанд, ки «Тайрок бо зани шоҳу духтари шоҳ бо Хуршедшоҳу Маҳпарӣ ва лоҷо Анбар пайдо нестанд». Мо ба лашкаргоҳ омадем, то шоҳро огоҳ кунем.
Арманшоҳ пушти даст ба дандон мезад. Қизилмалик меҷӯшид ва паҳлавонон дилтанг мебуданд, то яке гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё