Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

раста биистоданд ва сарҳангону хизматгоронро ҳар яке ба ҷои хеш бидоштанд. Пас бифармуд, то ҷумлаи хосагиён ба истиқболи Шаҳрони вазир берун шуданд.
Ӯро бо эъзозу икром ба боргоҳ оварданд. Он созу зинатӣ подшоҳӣ бидид, подшоҳро хизмат кард ва пеши тахти шоҳ заминро намоз бурд. То пеши тахт омад, чанд ҷой хизмат кард ва намоз бурду офарин хонд бар шоҳ. Ҳомони вазир бархосту дасти Шаҳрони вазир бигирифт ва ба болон тахт бароварду зери даст бинишонд. Дарҳол бифармуд, то ҷулоб оварданд ва бозхӯрданд ва хон биниҳоданду даст ба таом дароз карданд ва бихӯрданд, чунон ки расми подшоҳон аст.

Чуну фориғ шуданд, маҷлиси базм биёростанд. Мутрибон овози самоъ бароварданд, соқиён шароб дармедоданд, ки Хуршедшоҳ ишорат ба Ҳомони вазир кард,
ки «Бигӯй, то Шаҳрони вазир чӣ пайғом дорад?» Ҳомони вазир гуфт:
— Эй Шаҳрон, мефармояд, ки агар сухане дорӣ,
бигӯй.

Шаҳрони вазир бархосту хизмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳзода, Арманшоҳ туро салом мерасонад, ки морову падарони моро ҳаргиз хусумате ва ҷанге набудааст. То ин соат пайкор аз баҳри Маҳпарӣ буд, ба ту расид. Ин хусумат дарбояд навашт,1 ки халқе бисёр ҳалок шуданд. Ва дигар модару хоҳари Қизилмаликро Самаки айёр овардааст. Зишт бошад зану духтари подшоҳон ба дуздӣ овардан ва пеши бегона мардум бурдан. Филҷумла, кор афтод, муҳаққарс 2 фиристодааст аз баҳри ҷулоби хизматгорон. Шоҳ маъзур дорад.

Пас он чи оварда буд, арза кард.
Шоҳзода ҳама бидид, сар баровард ва гуфт:
— Эй Шаҳрони вазир, марде чун ту оқил раво бошад, ки чунин сухан гӯяд? Ва подшоҳ низ, ки чунин пайғом фиристад? Ё коргузору надимон, ки доранд, бо ҳам чунин машварат кунанд, ва тартиб ниҳодаанд? Агар ишон ин маъни надонистанд, ту марди бокифояту донишӣ. Надонӣ, ки аз шумоён ҳеҷ накӯй наомадааст.
Ҳар чӣ аз бадӣ тавонистед кардан, кардед. Маҳпариро аз қалъаи Шоҳак бурдед ва дар қалъаи Фалакӣ дар банд кардед, то Яздон ба ман боздод, бо ҳар чӣ дар

1 Яъне: ин хусуматро фаромӯш бояд кард.
2 Муҳаққар — ба маънии тӯҳфаи ночиз, анҷак.

пешина
аз 283
навбатӣ