Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Қалъа буд. Ва дигар, паҳлавонони ман дар зиндон кардед бо он ки ба расулӣ фиристода будам. Ва дигар, мард фиристодед, то нақм буриданд ва маро бо Маҳпарӣ бурданд, ба умеди он ки маро ба қалъаи Дувоздаҳдара баранд. Дигар, яздон маро нигаҳ дошт: Самак дар шаҳр буд, моро берун овард ва агар на, аз феъли бади шумо ҳеҷ тақсир набуд ва дигар мегӯӣ, ки зану духтари мо нашояд, ки марди бегона бибинад. Маҳпарӣ хоҳари шумо набуду зани шумо набуд ва ҳам бегона буд. Шумо они худ набинед ва они мо бибинед. На кори оқилон аст.
Ва дигар, маро бо мол аз роҳ натавон бурдан. Баргир ин мол ва пеши Арманшоҳ бар ва бигӯй, ки агар мехоҳӣ, ки зану духтари ту ба ту бозфиристам ва аз ин ҷойгоҳ бозгардам, на ту моро дидиву на мо туро, панҷ тан аз они мо дорад, эшонро бозфирист, то ман эшонро бозфиристам. Ва агар на, мардони нақмбуранда дорӣ, бифармой, то нақм бибуранд ва зану духтари шоҳ бибаранд, ки ман эшонро банд нафармудаам ва ба ҳеҷ қалъа нафиристодаам ва эшонро пеши Маҳпарӣ нишондаам.
Шоҳ дар ин буд, ки овози кӯс омад, ошӯб дар лашкаргоҳ афтод. Шоҳ гуфт, то бинанд, ки кистанд. Соми паҳлавон даромад ва хизмат кард, гуфт:
— Арманӣ паҳлавон аст, хеши Фағфур, ба хизмати шоҳ меояд ва лашкари фаровон бо вай аст ва аз роҳи Чин меояд.
Шоҳ бифармуд, то лашкар истиқбол кунанд.
Ва омадани эшон чунон буд, ки чун номаи Ҳомони вазир ба шоҳи Фағфур расида буд, ки «лашкари душман қаҳр кардаем, аммо Маҳпариро бурдаанд ва мо хоҳем рафтан, ки ӯро боздаст оварем», Фағфур лашкар ҷамъ карда буд, ки бифиристад пеши Хуршедшоҳ.
Эшонро фиристода буд ва эшон Сӯраи Ҳалабиро дар роҳ дида буданд ва аҳвол маълум карда, ки Хуршедшоҳро бурдаанд. Эшон дилтанг мерафтанд, ки хабар шуниданд, ки «шоҳро ба саломат бозоварданд». Хуррам шуданд ва рӯй ба роҳ ниҳоданд.
Пас, чун лашкар ба истиқбол фиристод, бифармуд,
то Шаҳрони вазирро хилъат доданд ва он мол бад-ӯ
боздоданд ва он вақт ки ишон дар боргоҳ буданд, Конун бар дари боргоҳ истода буд пеши рикобдорон ва аз
хизматгорон мепурсид, ки «Хуршедшоҳу Маҳпариро чӣ
гуна бурданд ва чӣ гуна бозоварданд?» Ҳар кас сухане

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё